Дар Тоҷикобод доир ба пешгирии терроризм бо ҷавонону фаъолон вохӯрӣ баргузор карда шуд
ТОҶИКОБОД, 25.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми июни соли 2021 вобаста ба Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва амалисозии нақшаи он вохӯрии роҳбарияти ноҳия ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ ва ҷавонону фаъолон доир гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ додааст.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки мақсади асосии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм- муайян намудани вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм буда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки “барои пойдории амнияти ҷумҳурӣ ва ободии ҷомеа ҷавононро зарур аст, ки дар қатори ҳама сокинони мамлакат дар атрофи Президенти Тоҷикистон муттаҳид гашта, барои шукуфоии сарзаминамон беш аз ҳар вақти дигар саъю талош варзанд. Ягона чизе, ки мову мамлакати моро аз хатари экстремизму терроризм наҷот медиҳад, ин ваҳдату якдилист. Мо дар ҳамбастагӣ неруи бузургу муқтадире ҳастем, ки ҳеҷ қувваи ғаразноке наметавонад ваҳдати моро халалдор намояд”.
Вобаста ба иҷрои муқаррароти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия вохӯрӣ намуда, вобаста ба муқовимат ба ин вабои аср бо сокинон суҳбат намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






