Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд

Апрель 7, 2025 11:41

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯз-пайвандгари қалбҳо ва тамаддунҳо» Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.

Нахуст ҳайати меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллии халқи тоҷик шинос шуда, ба маҳорату малакаи роҳбарияту кормандон ва хонандагону донишҷӯёни ин муассисаҳо баҳои баланд доданд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ  иброз дошт, ки «имсол мардуми Тоҷикистон дар як рӯз, яъне 21 март ду ҷашн — Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таҷлил намуданд. Ҳардуи ин рӯзҳо аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Маҳз бо заҳмат ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷашни таърихию аҷдодии миллии мо байналмилалӣ эълон гардид. Ҳамчунин барои наҷоти аҳли башар бо мақсади ҳифзи сарчашмаи асосии оби тоза дар кураи Замин 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд».

«Агар ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз як тараф, эътирофи Пешвои миллати мо дар арсаи байналмилалӣ бошад, аз тарафи дигар ин иқдом дар роҳи шинохти миллати куҳанбунёд, тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик, ки дар рушди тамаддуни инсоният саҳми назаррас дорад, муҳим арзёбӣ мегардад. Яъне, Пешвои миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки мо меросбарони аҷдодони таърихсозу тамаддунофари худ ҳастем ва  имрӯз низ дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳем», — афзуд Фарҳод Раҳимӣ.


Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надода, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукуҳу шаҳомати хосса пайдо намуд ва бо талошу ҷонбозиҳои Президенти ҷумҳурӣ ҷашни байналмилалӣ унвон гирифт. Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал,  муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз вуҷуд доштани об вобастагӣ дорад. Ҳанӯз ҳазорон сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд ва манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуда, ба он мақоми баланд доданд ва ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид намудаанд.

Аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи мамлакат ва донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барномаи театрии фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру тарона, рақсу бозиҳои варзишӣ ва сурудҳои тараннумгари Наврӯз ва Ватан буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2025 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд