Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Март 1, 2023 18:07

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти табодули иттилоот, инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои обу иқлим ва рӯйдодҳои муҳиму дастовардҳои назаррас дар расонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имрӯз зимни мулоқоти Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки баҳри фаъол намудани робитаҳои дуҷониба дар самти иттилоърасонӣ ҷонибҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии давлатии Арабистони Саудӣ омода намудаанд, ки имзои он метавонад ба таҳкими муносибатҳо ниҳодҳои иттилотии ҳар ду давлат мусоидат намояд.

Директори Агентӣ талошҳои Сафорати Арабистони Саудиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  таҳкими ҳамкорӣ, хусусан дар бахши воситаҳои ахбори омма мусбат арзёбӣ намуд.

Дар навбати худ, Сафири Арабистони Саудӣ нақши хабаргузориҳои иттилоотиро дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба муҳим дониста, омодагии намояндагии дипломатиро баҳри мусоидат ба таҳкими робитаҳои иттилоотӣ таъкид кард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2023 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд