ДОВТАЛАБ-2023. Имрӯз марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз гардид, ки муҳлати он то 30 апрел муқаррар гардидааст. Марҳилаи номнависӣ дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад. Чунин иттилоъ дод Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бояд тазаккур дод, ки имсол хонандагоне, ки соли таваллудашон 2005 мебошад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд. Тавре аз Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд, хатми эҳтимолӣ дар синфи- 9 171 ҳазору 957 нафар ва дар синфи 11 107 ҳазору 410 нафар дар назар дошта шудааст. То ҷамъбасти соли таҳсил шумораи хаткунандагон тағйир меёбад, зеро баъзе аз онҳо аз имтиҳони хатм намегузаранд ё нафароне ҳастанд, ки аз давоми таҳсил худдорӣ мекунанд.
Ба гуфти Сабзалӣ Ҷаъфарзода, соли равон дар 44 шаҳру ноҳияҳои мамлакат 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15 адад нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ фаъолият мекунанд. Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ фаъолият мекунанд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст. Барои ташкил ва фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ Марказ дар асоси озмун 243 корманди муваққатиро аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгиранда ба кор ҷалб кардааст.
«Довталаб бояд барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояш наздик ё мувофиқ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад. Хотиррасон мекунем, ки бо мақсади осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти худу корманди нуқтаи бақайдгирӣ довталаб метавонад бо истифода аз хизматрасонии «Пешномнависӣ» аз номнависии пешакӣ гузашта, баъдан барои бақайдгирии расмӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шавад»,- гуфт мавсуф.
Таъкид гардид, ки яке аз навгониҳои соли равон ин аст, ки марҳилаи асосии азнавбақайдгирии довталабон ҳамзамон бо раванди марҳилаи асосии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Солҳои пеш ин марҳила маъмулан аз 16 то 30 апрел гузаронида мешуд.
Арзиши хизматрасонӣ соли равон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар марҳалаи асосӣ пардохтшаванда 25 сомонӣ аст.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб» ва шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз доранд.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода зимни нишасти матбуотӣ 6 феврали соли равон иброз намуд, ки соли 2022 байни 5 самте, ки аз ҷониби Марказ ба довталабон пешниҳод карда шуданд, кластери 5 серинтихобтарин шуморида шуда, нақшаи иҷрои он ба 121 фоиз баробар гардид. Тибқи ин нишондиҳанда, соли сипаригардида дар ҷои дувум гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) бо 100 фоиз шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дошт. Шумораи камтарини довталабони номнависшуда чун дар ИМД-и солҳои пеш ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ҳамагӣ ба 49,69 фоизи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст.
«Холи миёнаи довталабон аз фанҳои дақиқ чандон баланд нест. Дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) соли дуюм аст, ки аз ҷониби Марказ беҳтарин довталабон, ки аз фанҳои мазкур холҳои бештар ба даст меоранд, қадрдонӣ карда мешаванд», — гуфт Сабзалӣ Ҷаъфарзода,
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»






