«ТОҶИКОН БОЯД ДОРОИ ҶАҲОНБИНИИ ИЛМИИ ЗАМОНИ МУОСИР БОШАНД». Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат

Июнь 9, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 09.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикон дар баробари ҳифзи асолати милливу динии худ бояд дорои ҷаҳонбинии илмии замони муосир бошанд»,- чунин таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо аҳли илм ва маорифи мамлакат 30 майи соли 2024. Аз ин гуфтаҳои Президенти мамлакат бар меояд, ки муҳимияти рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмиро дар ҷомеа минбаъд мебояд ҳарчи бештару зиёдтар тақвият бахшид. Аз суханронии Пешвои миллат иштирокчиёни мулоқот дарёфтанд, ки маҳз тавассути илм ва дастоварҳои илмӣ метавон рушди бемайлони мамлакатро таъмин намуда, решаҳои пӯсидаи нодонӣ, роҳи ҷаҳолату бесаводиро дар ҷомеа аз байн бурд. Дар ин ҷода яке аз нобиғаҳои нотакрори халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино гуфтааст: «Дастрасӣ ба илм барои ҳамаи соҳибдилон воҷиб аст. Илму дониш дидаи биност, нӯшдоруест ба дарди  ҷаҳолат ва нодонӣ».

— Сарвари давлат аз рӯзҳои аввалини Роҳбари давлати тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардиданашон барқарорсозии тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро ҳадафи хеш қарор доданд.  Президенти мамлакат дар мулоқот махсусан иброз намуданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст».

Президенти мамлакат масъалаи хеле мубрами имрӯз, яъне масъулияти баланд бар дӯш доштани олими тоҷикро дар рушду нумуи имрӯзу фардои ҷомеа баён намуданд. Барои баланд бардоштани мақому манзалати олимони тоҷик дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди илми ватанӣ, маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, беҳтар шудани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва амсоли инҳо бештар аз 200 ҳуҷҷати меъёрии  ҳуқуқии муҳим вобаста ба соҳаи илм қабул шуданд. Аз ҷумла, «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 1998), «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002), «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» (соли 2012), «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 2015), «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (соли 2021) ва  чандин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии илм ва соҳаҳои мухталифи он қабул шудаанд, ки далели ба низоми муосир мутобиқ намудани илми тоҷик, махсусан илми академӣ мебошанд.

Тавре аз ин санадҳои овардашуда маълум мегардад,  Ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушди илму маорифи мамлакат талош меварзад ва саҳми олиму омӯзгорро қадр менамояд. Аз ин рӯ олимону омӯзгорони мамлакатро низ зарур аст, ки дар ҷавоб бояд фидоии касби худ бошанд, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавон ғамхору содиқ монанд, дастовардҳои арзишмандамонро ҳарчӣ тезтар дар истеҳсолот ҷорӣ ва фарҳанги пурғановатамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Аз ҳама муҳим, мо бояд баҳри рушди бемайлони ҷомеа бетараф набошем, ахлоқу манзалати волои олимону омӯзгоронро баланд бардорем, барои беҳбуди таҳқиқотамон ва самаранок будани онҳо бештар кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳамеша ба ҳамдигар дасти кумак дароз намуда, мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи илм ва маорифи мамлакатро бартараф карда, рушди илми тоҷикро дар симпозиуму машваратҳои байналмилалӣ муаррифӣ намоем.

Имрӯзҳо олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат руҳу илҳоми нав бардошта, муҳтавои онро сармашқи кор қарор дода, дар раванди дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ  саъю кӯшиш менамоянд.

Олимон пешгӯйӣ менамоянд, ки то охири асри XXI ҳарорати миёнаи ҳавои кураи Замин имкон дорад, ки аз  30 дараҷа то 50 дараҷа баланд гардад. Мувофиқи маълумоти илмӣ, дар  Осиёи Марказӣ низ ҳарорати ҳаво баланд гашта, шӯршавии хок ва паст гаштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ   мушоҳида гардида, то охири асри  XXI  давом ёфтани ин равандҳои номатлуб аз эҳтимол дур нест.

Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлим дар ҳудуди давлатҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ мушоҳида мегардад. Бояд гуфт, ки яке аз мушкилоте, ки дар натиҷаи баланд гаштани ҳарорати ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меояд, ин обшавии пиряхҳо ва кам гаштани захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад.

Бинобар ин дар оянда баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, пеш аз ҳама, месазад, ки ба таҳқиқоти нави илмӣ дар самтҳои ҳифзи захираҳои обӣ ва генетикӣ дар мамлакат диққати аввалиндараҷа бояд дод. Алалхусус баҳри ноил гаштан ба амнияти озуқавории кишвар минбаъд тавсеаи чунин самтҳои илми биологияи муосир, ба монанди генетика, селексия ва биотехнология хеле зарур ва тақозои замон  мебошад. Аз ин сабаб олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳри тақвият бахшидани таҳқиқоти инноватсионии илмӣ дар бахшҳои генетика, селексия ва биотехнология ҳоло дар нақшаи корҳои илмии солҳои 2024-2030 ҷустуҷӯҳои навро дар нақша доранд. Аз ин лиҳоз солҳои охир баҳри тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ дар бахшҳои генетикаи муосир  ва селексияи растаниҳо дар асоси қарори раёсати Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо таъсис дода шуд. Олимони ин озмоишгоҳи илмӣ ҳоло дар оянда тақвият бахшидани  таҳқиқоти инноватсионӣ дар самтҳои афзалятноки биологияи муосир, аз қабили генетика, селексия ва бехатарии биологии озуқавориро ба нақша гирифтаанд.

Дар замони ҳозира истифодаи самараноки гуногуншаклӣ ва тағйирпазирии гуногунии биологӣ, аз рӯи чунин нишонаҳои ирсии зироати кишоварзӣ, ба монанди тезпазӣ, устуворӣ ба хушкӣ, шӯрии хок, ҳашароту касалиҳо, инчунин маҳсулнокии баланди растаниҳо дар ҳолати тағйирёбии иқлим дар кураи Замин аз мавзуъҳои мубрами кунунӣ ба шумор мераванд. Бинобар ин масъалаҳои омӯзиш ва нигоҳдории генофонди фоиданоки гуногунии биологӣ, махсусан омӯзиш ва нигоҳдории гуногунии агробиологии ҳудудҳои муайян ё ин ки экосистемаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки ҳифзи захираҳои биологӣ ва озуқаворӣ, инчунин ҳифзи табиат ва муҳити зист дар шароити ҷумҳуриамон ба шумор мераванд.

Бинобар ин яке аз самтҳои назариявӣ ва амалӣ дар таҳқиқоти генетикию селексионӣ дар мамлакат, пеш аз ҳама, ҷамъоварӣ намудан ва нигоҳдории намунаҳои нодири коллексионии чунин зироати кишоварзӣ баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, аз қабили гандум, картошка, лубиёгиҳо, пахта, сабзавот, мевагиҳо, ноки заминӣ (топинамбур) ва ғайраҳо, инчунин омӯзиши тағйирпазирии ирсии растаниҳо дар зери таъсири пайомадҳо ва раванди тағйирёбии иқлими сайёра чун масъалаи мубрами рӯз  боқӣ мемонад.

Дар асоси таҳлилу баррасии натиҷаҳои арзишманди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дурнамои таҳқиқоти илмӣ ва омӯзгориро дар муддати солҳои 2025-2030 тақвият бахшида, баҳри ба даст овардани навъу тухмиҳои нави ояндадори зироати кишоварзӣ ва дар тарбияи насли наврас саҳм мегузоранд.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,
мудири озмоишгоҳи генетика ва
селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология
ва генетикаи растании Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ,

Бахтовар САТТОРОВ,
омӯзгори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 9, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи илм ва технологияи AGH-и Лаҳистон густариш меёбад
Даврон Сафарзода: «Олимони тоҷик минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузоранд»
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар пойтахт даври шаҳри озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба «Истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» ҳамоиш баргузор шуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶОМЕА. Доир ба он дар Донишгоҳи миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ДУРНАМОИ РУШДИ ИЛМИ ТАЪРИХИ ВАТАНӢ». Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ ҳамоиш доир шуд
Даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» оғоз гардид
ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ БАҚАЙДГИРӢ. Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ он то 30 июн идома меёбад
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ СОҲАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
РУШДИ ИЛМ ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд