ГУЛ ОВАРДАМ БА МЕҲМОНӢ. Дар байни тоҷикон як силсила ойини тақвимӣ вобаста ба фасли баҳор машҳур аст

Март 21, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мо дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз қарор дорем. Ходимони илмии шуъбаи мардумшиносии Институти таърих,  бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки «иди калонтарини баҳори мардуми машриқзамин –  Наврӯз сар то сар бо олами наботот пайвастагӣ дорад».

Муждаи нахустин аз омад-омади баҳор ва хабари омода намудани замин  барои шудгор бо мақсади дар оянда аз замин ҳосили зиёд гирифтан ҳам дар байни тоҷикони водиҳо ва ҳам кӯҳистон дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ  — ин ҷашн намудан ва гузаронидани ойинҳо ва ҷашнҳои вобаста ба гулҳои нахустини баҳорӣ буд.

Дар оғози фасли баҳор нахустин гулҳои хурди зардчаранг, ки бойчечак ё ин ки сияҳгуш ном доранд, пайдо мешаванд. Дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дар гузашта ва ҳам дар айни ҳол вобаста ба ин гули нахустини баҳорӣ маросими гуногун гузаронида мешавад. Гули бойчечак ё гули сияҳгушро бачаҳо аз кӯҳу даштҳо мечинанд ва бо онҳо хона ба хона мегарданд. Дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанд ва Ӯротеппа  ва инчунин шаҳри Самарқанд як гурӯҳ писарбачаҳои ноболиғ ҷамъ шуда, гули сияҳгушро даста-даста карда, хона ба хона гашта, сурудхонӣ мекунанд. Дар ҷануби Тоҷикистон ин расмро «гулгардонӣ» мегӯянд. Дар баъзе ҷойҳо дар рӯзи «гулгардонӣ» гулҳои сияҳгуш ва бойчечакро ба як чӯби дароз, ки тақрибан 1,5 м дарозӣ дорад мебанданд ва бо он гаштак мекунанд. Одамон ба писарбачаҳои гуловарда туҳфаҳо – меваҳои хушк, тухм ва қанд медиҳанд. Аз рӯи гуфтаҳои мардумшинос Маҳмаднаим Раҳимов, ин расм «деҳқононро аз омода шудан ба нахустин корҳои саҳроӣ» ва зинда шудани табиат огоҳ менамуд.

Мардумшиноси маъруфи рус Елена Пешерева дар бораи таҷлил кардани «Иди Лола» дар Исфара, Конибодом ва  Шаҳристони Ӯротеппа («Иди лолазор») дар охири асри ХIХ- ибтидои асри ХХ маълумоти ҷолиб додааст. Аз рӯи ин маълумот, ин ид аз ҷамъ овардани гули лола ва аз онҳо сохтани  шохчаи дарахт оғоз мегардид. Бо ин шохчаи аз гулҳои лола орододашуда сокинон ба маркази деҳа равон мешуданд. Дар он ҷо сайругашти оммавӣ баргузор мегардид.

Дар байни тоҷикони шаҳри Бухоро ба  нақши гулҳо, алахусус ба садбарг диққати махсус дода мешуд. Дар дастурхони наврӯзӣ дар Бухорои Шариф ҳам дар давраҳои пеш ва ҳам ҳоло мураббои аз гули садбарг тайёркарда гузошта мешавад. Дар байни тоҷикони Бухоро расм шуда буд, ки дар ҳар хона бояд дар рӯзи Наврӯз ин мурабборо  пазанд ва бо ин мақсад гулҳои махсуси садбарг парвариш карда мешуд, ки «гули мураббоӣ» ном доштанд. Баргҳои он хеле хурд буда, рангашон гулобии сафедчаранг буд. То ҳол ин намуд мураббо ҳам дар байни тоҷикони Бухоро ва ҳам зодагони Бухоро, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, хеле машҳур аст.

Бояд гуфт, ки занҳо дар Тоҷикистон дар рӯзи Наврӯз  куртаҳои гулдӯзӣ мепӯшиданд. Нақши ин куртаҳо пурра аз гул- косагулҳо – офтоб ва хатҳои каҷу килеб — об иборат буда, табиати диёрашонро инъикос менамуд. Ба ғайр аз он дар байни косагулҳо мо рамзи гардиши олам – нишонаи чор  ангуштмонанди нугҳояш хамидашударо мушоҳида менамоем. Нақши ҳамаи ин тасвирҳо рамзнок буда, ишора бар он аст, ки мо ориёӣ ҳастем. Рамзи офтоб  ин рамзи Хуршед, гармӣ, оташ,  гул – Зиндагӣ, об – Ҳаёт мебошад.

Хусусияти гузаронидани идҳо бо суғдиён дар замони қадим – ин гузаронидани ярмаркаҳои бузург ё ин ки бозорҳо мебошад. Ин чиз тааҷҷубовар нест, чунки ҳамаи роҳҳои савдои бузург аз Шарқ ба Ғарб аз ин минтақа  мегузаштанд. Аз рӯи гуфтаҳои Берунӣ ва Наршахӣ, ҳар як деҳа дар  рӯзҳои ид бозори худро дошт. Берунӣ  қайд мекунад, ки «қариб ки дар ҳамаи деҳаҳои Бухоро ва Суғд бозорҳои доимамалкунанда вуҷуд доштанд, номҳои доимии худро доштанд». Дар ибтидои асри ХХ низ дар Осиёи Марказӣ  бозорҳо дар айёми идҳо амал мекарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Март 21, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ РУСӢ. Ба омӯзиши он дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ВАТАНДӮСТӢ: СЕ ҶАНБАИ КАЛИДИИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Марҳалаи нави муаррифии саҳми тоҷикон дар рушди илми ҷаҳонӣ оғоз гардид
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Ҳамгироии илм — давлат — ҳуқуқ: се рукни асосии устувории амнияти миллӣ