«ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ». Имсол дар Тоҷикистон ба дарозии зиёда 29 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об ва эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 29 660 метр гузаронида мешаванд. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии мамлакат иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» амалӣ карда мешаванд.
Соли 2022 дар ҷумҳурӣ ба дарозии 50,5 км (198 фоизи нақша) ба маблағи 133,7 млн сомонӣ (185 фоиз) корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуданд.
Дар умум давоми 5 сол аз ҳисоби тамоми манбаъҳо ба маблағи 480,7 млн сомонӣ (117 фоиз) ба дарозии 216,0 км (157фоиз) корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида, иншооти харобгардидаи муҳофизати соҳил барқарор ва мустаҳкам карда шуда, то андозае хавфи шусташавии заминҳо ва иншооти хоҷагии халқ коҳиш дода шуд.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва бориши зиёд боиси обхезӣ, ярч ва омадани сел шуда, дар натиҷа ба иншооти муҳими хоҷагии халқ зарари калон мерасад.
Аз ин рӯ Агентии беҳдошти замин ва обёрии мамлакат ҷиҳати назорати доимӣ ва ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани сойҳо бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезӣ ва шусташавии соҳили дарёҳо якчанд корро ба сомон расонида истодааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






