Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меорад

Март 8, 2023 09:40

ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тибқи нақша муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон баргузор гардад.

Ҳамчунин тибқи нақша, дар доираи сафар мулоқоти роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистону Туркманистон пешбинӣ шудааст. Дар рафти музокирот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба бо назардошти мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст, муфассал баррасӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки   вазири корҳои хориҷии Туркманистонро  намояндагони Бонки марказӣ, Вазорати маориф, Агентии нақлиёт ва коммуникатсия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар идораҳои давлатии Туркманистон ҳамроҳӣ менамоянд.

Сафари расмии  муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 8-9- уми март пешбинӣ шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 8, 2023 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд