Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ иштирок кард

Март 15, 2023 11:04

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар шаҳри Венаи Австрия дар ҳошияи иҷлосияи 66-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи нашъаовар Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар чорабинии канории Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.

Чорабинии канории мазкур дар мавзӯи «Ташаббусҳо, дастовардҳо ва нақшаҳои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо» баргузор гардида, дар кори он Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ашита Миталл, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ваколатдор ва вазоратҳои хориҷии давлатҳои иштирокчӣ, давлатҳои нозир, ҳайатҳои созмонҳои байналмилалӣ ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкурро Директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо Атагелди Язлиев бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки Марказ вазифаҳои ба зимма доштаашро дар самти муқовимат бо гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ иҷро менамояд.

Ҳамчунин вобаста ба фаъолияти Марказ навор намоиш дода шуда, дар мавзӯи ташаббусҳо, дастовардҳо ва нақшаҳои ин ниҳод рӯнамо пешниҳод карда шуд.

Директори Агентӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Марказ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, зеро ҳамкории судманд бо мақомоти ваколатдори давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ таъсири мусбати худро ба назорати маводи нашъаовар ва татбиқи барномаю стратегияҳои зиддимухаддиротии миллӣ мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2023 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд