«Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад!». Корвони идона ба сокинони шаҳри Душанбе навиди фарорасии иди аҷдодиро мерасонад

Март 15, 2023 11:59

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  21 март, соати 04:00 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад. Сипас аз ин макон корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо рӯҳияи баланди саршор аз шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон ба ҳар гӯшаи шаҳр равон шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба ватани хеш омад!» мерасонад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Корвони наврӯзӣ соати 06:00 аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон ба маркази шаҳр ворид мешавад.

Бояд гуфт, ки имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 21 март, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ фаро мерасад. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, 21 марти соли 2023, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ Замин ҳангоми харакат дар атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Лаҳзаи гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст. Бинобар ин соли нави астрономии 2023   21 март аз соати 02:30 сар мешавад. Барои мо, тоҷикон ин вақт ҳамчун айёми фаро расидани Наврӯз машҳур аст.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии  Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳ доир  мегарданд. Аз 21 то 30 март дар чор боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр барномаҳои идона доир карда мешаванд.

Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ,   сокинони ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва сокинони ноҳияи Шоҳмансур дар Боғи Куруши Кабир (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) бо оростани базми наврӯзӣ оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил менамоянд. Дар ин рӯзҳо  бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори  Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.

21 март, соати 19:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои мамлакат доир карда мешавад.

Аз оғози моҳи март шиору овезаҳои наврӯзӣ ва байту гуфтаҳои  шоирону мутафаккирон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе насб гардидаанд, ки ба кӯчаҳои пойтахт ба ҳусну намои тоза зам намудаанд. Аллакай пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе барои истиқболи шоиста аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023 ба  таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар хонадони Душанбешаҳр ҳамаҷониба омодагӣ мебинад.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бахшида ба иди Наврӯз дар театрҳои мамлакат намоишҳои идона пешниҳод мегарданд. Ҳамчунин дар муассисаҳои фарҳангӣ барномаи консертӣ доир мешавад.

Бояд гуфт, ки таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути  барномаҳои  пуршукуҳи идона, маҳфилҳои ҳунарӣ ва ҳисси ифтихор аз  ватандорию  шукуфоии  мамлакат баргузор карда мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Март 15, 2023 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУДО. Панҷ узви мунтахаби Тоҷикистон дар Гранд Слами Анталия иштирок менамоянд
ВАТАНРО МИСЛИ СПИТАМЕН, ТЕМУРМАЛИКУ ВОСЕЪ БОЯД ДӮСТ ДОШТ. Ҷавонон бояд бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ раванд!
Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар форуми «Ҷомеаи солим» иштирок намуд
Дар Осиёи Марказӣ ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» таҳният мегўянд, — бардошт аз ҷашни наврўзӣ дар Бӯстон
«ТУХМҶАНГАК» ДАР ЗАРАФШОН. Он бозии дӯстдошта дар ҷашни дилорои наврӯзист
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Катерин Рассел мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон дар меҳвари ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи об
Ба сокинони ноҳияи Ишкошим дар ҷашни Наврӯз туҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 гектар замин обёрӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд