Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин дар Конфронси нуҳуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия иштирок ва суханронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси нуҳуми ҳамкории байниминтақавӣ «Шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон» иштирок ва суханронӣ намуданд.
«Дар доираи рӯзномаи конфронси имрӯза 7 ҷаласаи панелӣ оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва доираи васеи масъалаҳои ҳамгироии дуҷониба, ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Русия баргузор гардид. Ин конфронс дар остонаи рӯйдоди муҳим дар таърихи равобити Тоҷикистону Русия доир мешавад. 20 май мо 30-юмин солгарди имзои созишномаи ҳамкорӣ ва кумаки мутақобиларо таҷлил хоҳем кард», — тазаккур дод Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.
Бино ба гуфтаи Сарвазири мамлакат, дар ин давра равобити ду давлат бар заминаи устувори манфиатҳои умумӣ ва арзишҳои дӯстии чандинасра асос ёфтааст.
«Ин собит сохт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҳамеша ба рушду таҳкими мантиафтҳои мутақобилан судманди дарозмуддати амниятӣ ва рушди устувори ду давлат нигаронида шудаанд», — илова кард Қоҳир Расулзода.
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои истиқболи гарму самимии ҳайати Русия ва ташкили чорабинии имрӯза дар сатҳи олӣ изҳори минатдорӣ намуд.
«Конфронс маротибаи нуҳум баргузор мешавад ва дар он беш аз ҳазор нафар ирштирок дорад. Намояндагони 16 вилояти Русия, беш аз 200 ширкат ба Душанбе омаданд. Ин манфиати тарафайнро ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун тасдиқ мекунад. Русия ва Тоҷикистонро муносибатҳои устувори шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ мепайвандад. Ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ босуръат рушд меёбад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта гардиши савдо 18 фоиз афзуда, 1,5 миллиард долларро ташкил дод. Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар 20 соли охир аст, аммо, бо вуҷуди ин, ин кофӣ нест», — гуфт Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия.
Русия аз ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ беш аз 1,5 миллиард доллар аст.
«Ширкатҳои Русия дар бахшҳои асосии иқтисодӣ, аз ҷулма сохтмон, энергетика, саноат, коммуникатсия ва хизматрасонии молиявӣ фаъолона кор мекунанд. Мо ҳоло ҳамкориро дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ ба таври ҷиддӣ таҳким мебахшем. Ҳамаи вазирони соҳавии мо, ки ба ин соҳаҳо масъуланд, ба ин чо омадаанд. Ҳамкории саноатӣ дар як қатор соҳаҳо рушд мекунад», — афзуд Михаил Мишустин.
Лайло Тоири
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»









Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






