ПЕШГИРИИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Бо мақсади татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда корҳо тақвият дода мешаванд

Март 10, 2023 13:22

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Тақвияти чорабиниҳои соҳавӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим бо мақсади татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ  муайяншуда»- таҳти чунин унвон дар Душанбе  бо иштироки  мутахассисон ва коршиносони миллию байналмилалӣ  ҳамоиш доир гардид, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз созмондиҳандагони он буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш таъкид карда шуд, ки  муайян намудани шарикони калидӣ барои амалигардонии нақшаи татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла нақлиёт, энергетика, об, саноат, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар бахшҳо кумак менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2019 ба шарикии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ҳамроҳ гардид. Бо ин мақсад Тоҷикистон соли 2021 саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншударо такмил дода, онро ба Котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод намуд. Дар он амалҳои қатъӣ дар самти мутобиқшавӣ ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ҷиҳати таъмини рушди устувор ва муассир, ҳалли мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дарҷ ёфт. Санади мазкур  тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҷумҳурӣ дар давраи то соли 2030 амалӣ карда мешавад.

     АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 10, 2023 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад