РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намояндагиҳои Тоҷикистон ва Нидерланд дар Ҷумҳурии Корея бахшида ба Конфронси оби СММ ҳамоиш баргузор намуданд

Март 7, 2023 08:27

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сеул бо ташаббуси сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бахшида ба Конфронси оби СММ бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Корея ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим чорабинии муштарак баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бобати аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтани иқдомҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон, дар бораи қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва чораҳои тадорукотии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд маълумот дод.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2023 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд