Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти нав ба вилояти Хатлон сафар намуд

Март 10, 2023 10:23

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нави обёрӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти нав Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сафари кории Сарвазири мамлакат нахуст аз ноҳияи Панҷ оғоз гардид.

Кишоварзони ноҳияи Панҷ бо иқлими нисбатан гарм ва ҳарчи бештар дар истеҳсолот ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишту парвариши зироат яке аз аввалинҳо шуда, бозори истеъмолиро бо маводи мавриди ниёзи аввал таъмин мекунанд.

Сарвазири Тоҷикистон дар доираи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини дахлдорро ба омодагии комили пойгоҳҳои обкашӣ ва сари вақт обёрӣ намудани зироат ҷалб кард.

Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи обкашии Файзободқалъа-1 аз 6 агрегати обкаш иборат мебошад. Иншооти обрасони заминҳои корами ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун, дар маҷмуъ зиёда аз 3400 гектар заминро бо оби полезӣ таъмин менамояд. Бо ҷалби сармоя навсозии 4 агрегат, 2 муҳаррик ва 950 метр қубурҳои обкаш ба беҳтаршавии хизматрасонӣ дар ин самт мусоидат намуд. Аллакай 5 агрегат ба мавсими нави обёрӣ омода мебошад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо назардошти дигаргуншавии иқлим, кам шудани имконияти табиӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар сайёра ва бештар гардидани талабот ба маводи ғизоӣ дар олам хоҷагидоронро ба ҳарчи бештар ҷорӣ намудани усулҳои нави кишту парвариши зироат, аз як қитъа ба даст овардани чанд ҳосил ва таъмини амнияти ғизоӣ вазифадор намуд.

Имсол кишоварзони ноҳияи Панҷ тибқи дурнамо дар майдони 6 700 гектар чигит кишт менамоянд. Ҳоло дар хоҷагиҳои ноҳия ин раванд ҷараён дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғара ба таҷрибаи кишту парвариши зироат ва ҷорӣ намудани технологияи муосири кишти пахта баҳои баланд дода, ба таври васеъ ҷорӣ намудани усулҳои муосирро барои равнақи дучанди соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ кард.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Данғара кишти пахта зери плёнка оғоз гардид. Ҳамасола бо ҷорӣ намудани усулҳои нави кишту парвариши зироат кишоварзони ноҳияи Данғара нишондиҳандаҳои истеҳсолиро баланд мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи иҷрои супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳадафро ба истифодаи пурраи имконияти табиӣ, таъмини истифодаи самараноки замин ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона намудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳияи Данғара имсол дар майдони қариб 5 ҳазор гектар чигит кишт менамоянд.


Ҷалби сармоя, ворид намудани технологияи муосир ва то сатҳи ниҳоӣ коркард кардани  ашёи хом дар доираи яке аз ҳадафхои асосии Ҳукумати мамлакат аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ гузаштан муҳиму саривактӣ дониста мешавад.

Ҳамчунин дар доираи сафар ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид.


Ҳоло дар ноҳия 8 мавзеи хавфнок мавҷуд буда, бо дарозии 3 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шудааст. Сарвазири мамлакат иттилоъ дод, ки масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда мешавад ва сохторҳои дахлдорро барои иҷрои корҳои сохтмонӣ вазифадор намуд.

Хотиррасон мешавем, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо истифода аз рӯзҳои мусоиди фасли баҳор корҳои саҳроӣ идома дошта, хоҷагидорон мақсад гузоштаанд, ки бо риояи агротехникаи кишту парвариши зироат дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши сазовор  дошта бошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 10, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ ба имзо расид
Вазорати молияи Тоҷикистон 81 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим ‎ зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад