Соҳибкорони вилояти Хатлон аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд

Март 16, 2023 11:17

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 март ҳайати соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии вилояти Хатлон аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Мастчоҳ дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Соҳибкорон сараввал аз корхонаи коркарди шири «Нури Сафар» дидан намуданд. Корхона филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» дар ноҳияи Мастчоҳ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ширро аз аҳолӣ харида, аз он 15 намуд маҳсулоти босифати ширӣ, аз ҷумла равғани маска, панир, сметана, қаймоқ, ҷурғот, чакка, кефир ва фаллаи шир истеҳсол менамояд. Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 7,5 то 8 тонна шир коркард намояд.

Ҳамчунин дар корхона дар баробари коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата низ ба роҳ монда шудааст, ки асосан барои маҳсулоти ширии худи ҳамин коргоҳ пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни шиносоӣ махсусан истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба худ ҷалб карда, дар робита ба ин ду соҳибкор аз вилояти Хатлон бо роҳбарияти корхонаи коркарди шири «Нури Сафар» барои дастрас намудани зарфҳои пластикӣ шартномаи ҳамкорӣ баст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаи мазкур соли сипаришуда ба 777 ҳазору 700 сомонӣ расида, истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата ба 3 миллиону 401 ҳазору 100 дона расонида шуд.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз корхонаи коркарди чормағзи заминии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаъфар» дидан карданд. Корхона метавонад дар як сол то 4 ҳазор  тонна маҳсулот коркард намояд. Барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҷониби муассиси корхона таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ва Туркия ворид карда шудааст. Бо ба кор андохтани корхонаи нав коркард ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси омӯзиши бозор ба роҳ монда шуда, дар оянда содироти маҳсулоти тайёр низ ба нақша гирифта шудааст.

Соҳибкорони вилояти Хатлон дар ҷараёни сафар инчунин бо фаъолияти фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии «Олимиён»-и деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд. Дар ферма парвариши шутурмурғ, чорвои хушзот ва мурғи гӯштӣ ба роҳ монда шудааст. Муассиси корхона дар як вақт дар замини кишоварзии ферма фаъолияти гармхонаро ба роҳ мондааст, ки аз он ҳамасола маҳсулоти тару тозаи сабзавот, хусусан помидор ва бодиринг ба фурӯш мебарорад.

Дар идомаи боздид соҳибкорон бо фаъолияти бузургтарин корхонаи ресандагии ноҳия «Арвис Зелал Текстайл» (собиқ «Олимтекстайлз») аз наздик шинос шуданд. Корхона бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта шуда, дар он дар як вақт беш аз 250 нафар, аз ҷумла занону бонувони ноҳия ба кор ҷалб шудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона дар 2 моҳи соли равон ба 12 миллиону 573 ҳазору 900 сомонӣ расидааст.

Пас аз шиносоию боздид соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки бо корхонаю ширкатҳои тиҷоратии ноҳияи Мастчоҳ ҳамкории самарабахш ба роҳ мемонанд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Март 16, 2023 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим ‎ зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб беш аз 202 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ барқарор карда шуд
Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид
Дар шаш моҳи соли 2026 дар соҳаи саноати Тоҷикистон 1160 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст