Соҳибкорони вилояти Хатлон аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд

Март 16, 2023 11:17

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 март ҳайати соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии вилояти Хатлон аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Мастчоҳ дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Соҳибкорон сараввал аз корхонаи коркарди шири «Нури Сафар» дидан намуданд. Корхона филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» дар ноҳияи Мастчоҳ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ширро аз аҳолӣ харида, аз он 15 намуд маҳсулоти босифати ширӣ, аз ҷумла равғани маска, панир, сметана, қаймоқ, ҷурғот, чакка, кефир ва фаллаи шир истеҳсол менамояд. Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 7,5 то 8 тонна шир коркард намояд.

Ҳамчунин дар корхона дар баробари коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата низ ба роҳ монда шудааст, ки асосан барои маҳсулоти ширии худи ҳамин коргоҳ пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни шиносоӣ махсусан истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба худ ҷалб карда, дар робита ба ин ду соҳибкор аз вилояти Хатлон бо роҳбарияти корхонаи коркарди шири «Нури Сафар» барои дастрас намудани зарфҳои пластикӣ шартномаи ҳамкорӣ баст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаи мазкур соли сипаришуда ба 777 ҳазору 700 сомонӣ расида, истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата ба 3 миллиону 401 ҳазору 100 дона расонида шуд.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз корхонаи коркарди чормағзи заминии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаъфар» дидан карданд. Корхона метавонад дар як сол то 4 ҳазор  тонна маҳсулот коркард намояд. Барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҷониби муассиси корхона таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ва Туркия ворид карда шудааст. Бо ба кор андохтани корхонаи нав коркард ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси омӯзиши бозор ба роҳ монда шуда, дар оянда содироти маҳсулоти тайёр низ ба нақша гирифта шудааст.

Соҳибкорони вилояти Хатлон дар ҷараёни сафар инчунин бо фаъолияти фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии «Олимиён»-и деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд. Дар ферма парвариши шутурмурғ, чорвои хушзот ва мурғи гӯштӣ ба роҳ монда шудааст. Муассиси корхона дар як вақт дар замини кишоварзии ферма фаъолияти гармхонаро ба роҳ мондааст, ки аз он ҳамасола маҳсулоти тару тозаи сабзавот, хусусан помидор ва бодиринг ба фурӯш мебарорад.

Дар идомаи боздид соҳибкорон бо фаъолияти бузургтарин корхонаи ресандагии ноҳия «Арвис Зелал Текстайл» (собиқ «Олимтекстайлз») аз наздик шинос шуданд. Корхона бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта шуда, дар он дар як вақт беш аз 250 нафар, аз ҷумла занону бонувони ноҳия ба кор ҷалб шудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона дар 2 моҳи соли равон ба 12 миллиону 573 ҳазору 900 сомонӣ расидааст.

Пас аз шиносоию боздид соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки бо корхонаю ширкатҳои тиҷоратии ноҳияи Мастчоҳ ҳамкории самарабахш ба роҳ мемонанд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Март 16, 2023 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бизнес-форуми Бонки Авруосиёии рушд афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор менамояд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-и «Чин — Авруосиё» гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Вена оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санади грантӣ ба имзо расид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кӯшиши ворид намудани рақами қалбакии давлатии воситаи нақлиёт ошкор гардид
Намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Корея бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шинос шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсати Шурои соҳибкории СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Форуми сармоягузории СҲШ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар муколамаи панелии Форуми OPEC дар Вена муаррифӣ шуд