ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 март, панҷшанбе, 82-юмин рӯзи соли 2023 аст

Март 23, 2023 08:00

23 марти соли 2015  дар саҳни  Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни Наврўз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки Сарвари давлатро  беш аз 200 нафар зиёиёни эҷодкор аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҳамроҳӣ менамуданд, тантанаи бошукӯҳи идона доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар паҳлӯи Қасри фарҳангии  Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои зебои амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

23 марти соли 2014 дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшиданд.

23 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии метеорологҳо.

***

Рӯзи Покистон  – яке аз идҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

***

Дар Боливия – Рӯзи баҳр.

 РӮЙДОДҲО: 

 23 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиёни ноҳия майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо фаъолону сокинон суҳбат намуданд.

 

***

Дар ин рўзи соли  2019  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуда, суханронӣ намуданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

 Ҳомид Яқубов-соли 1934 — доктори илмҳои химия

Март 23, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш