Тоҷикистон ва Чин дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» ва муколамаи «Осиёи Марказӣ-Чин» ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Тоҷикистон ва Чин дар ҷараёни мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Маъмурияти минтақавии Қошғари ноҳияи Шинҷону Уйғури Чин 10 март дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон дар мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, тиҷорат, иқтисод, афзоиши содироти маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, дарёфти роҳҳои маблағгузорӣ ва иштироки ширкатҳои муштарак ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои марбут ба саноаткунонии босуръати мамлакат, идомаи сохтмону таҷдиди шоҳроҳи Душанбе — Қошғар ва дигар тарҳҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», муколамаи «Осиёи Марказӣ – Чин» ва таъмини иштироки ҳайатҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии ҳар ду давлат баён доштанд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






