Тоҷикистонро дар моҳи дуюми фасли баҳор чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрел дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар рӯзҳои алоҳида ба амал омадани боронҳои шиддатнокиашон гуногун, раъду барқ, жола ва шиддатёбии вазиши шамол аз сатми ғарб бо суръати то 17- 22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Ҳавои имсола ба соли 2015 шабоҳат дорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат.
Моҳи апрел дар шаҳри Душанбе ҳаво аз 15 то 23 дараҷа гарм мешавад.
Моҳи апрели соли равон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Ҳаво аз 15 то 26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳаво то 23 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, дар водиҳо рӯзона аз 26 то 34 ва шабона аз 13 то 19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона аз 7 то 14 ва рӯзона аз 17 то 26 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон рӯзҳои алоҳида ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо ба амал омадани боронҳои шиддатнокиашон гуногун, раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест.
Моҳи апрел дар вилояти Суғд ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ буда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар аст. Давоми моҳ боронҳои шиддатнокиашон гуногун, раъду барқ, жола ба амал омада, шиддатёбии вазиши шамол аз сатми ғарб бо суръати то 17- 22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 17 дарҷа гарм мешавад. Рӯзҳои алоҳида ба амал омадани боронҳои шиддатнокиашон гуногун, раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад.
Моҳи апрел дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 2+6 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Ба амал омадани бориш асосан дар намуди барф давоми даҳрӯзаи аввали моҳ пешгӯӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






