«ТУХМҶАНГАК» ДАР ЗАРАФШОН. Он бозии дӯстдошта дар ҷашни дилорои наврӯзист
ДУШАНБЕ, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои кўҳистони мамлакат як зумра расму оинҳо ва бозиҳои мардумӣ ба ҷо оварда мешаванд. Аз ҷумла, дар байни сокинони ноҳияи Айнӣ дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз анъанаи «тухмҷангак» ё «тухмзанон» маъмул аст, ки дар ин хусус каме маълумот медиҳем.
Баҳори ноҳияи Айнӣ басо зебову дилрабост. Ғӯра бастани дарахтони мевадиҳанда, сарсабз шудани табиати атроф, лойҳои шиттаро ба шакли пунбадона лӯнда карда, оварда, дар шифтҳои хонаҳо — дар паҳлуи болорҳо бо камоли маҳорат ба тарзи нимкиштӣ барои худ хона сохтани фароштурукҳо, чаҳ-чаҳи булбулону нағмасароии кабкони хушхон аз омад-омади баҳору фарорасии мавсими кишту кор ва омодагӣ ба таҷлили Наврӯз гувоҳӣ медиҳад.
Фарорасии Наврӯзро дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ дар баробари ҷавонону калонсолон наврасону хурдсолон низ басе интизорӣ мекашанд. Чун дар рӯзҳои ҷашнӣ онҳо имконият пайдо мекунанд, ки анъанаҳои неки гузаштагонашро анҷом диҳанд. Яке аз ин расмҳо — ин бозии «тухмҷангак» аст, ки дар байни хурдсолону наврасон басе роиҷ аст.
Модарон шабона тухмҳоро дар зарфҳо бо омехта кардани пӯсти пиёз ва анор меҷӯшонанд. Баъд аз омода шудан тухмҳо ба худ рангҳои хос мегиранд. Ҳамаро омода карда, дар як тарафи айвон мегузоранд, то он ки сард шаванд. Наврасону хурдсолон бошанд бо шодӣ сар ба болин гузошта, чӣ гуна гузаштани бозии пагоҳинаро тасаввур мекунаду хобҳои рангоранги «тухмҷангак» мебинад.
21 март, субҳи барвақт ҳар яке дар даст чанддонагӣ тухм гирифтаву ба кӯчаҳои деҳа мебароянд. Аз дур тамошои ин саҳна, ки чӣ гуна хурдсолону наврасон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ин бозиро анҷом медиҳанд ва ғолибон шодӣ мекунанд, хеле фараҳбахш аст.
Дар мавриди шуҳрат доштани ин бозӣ дар байни мардуми Зарафшон боре зимни суҳбат Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Хосияти Зарафшонӣ чунин ёдоварӣ кардааст: «Тухмҷангак оини аҷибу зебои наврӯзии мардуми Зарафшон аст. Ман, ки бисёр духтари шӯх будам, тухмҳои сунъӣ сохта, чунон рангу бор мекардам, ки онро аз тухми ҳақиқӣ фарқ карда намешуд. Тухмҳои сохтаам бисёр сахт буданду тухмҳои ҳарифонро ба зудӣ мешикастанд».
«То он даме ки сиррам фош нашуда буд, ҳамеша «ғолиб»-и тухмҷангакҳо мешудам. Дар ин айём бозиву шўхиҳои зиёде мекардем, ки беҳтарин давраҳои бачагӣ буданд», — бо ханда ёдовар мешавад ў.
Бояд гуфт, ки ин бозӣ то дер боз давом ёфта, нафарони ғолиб дар даст шумораи зиёди тухмҳои ба даст оварда, бо эҳсоси пирўзӣ ба хонаҳояшон баргашта, назди волидон аз чӣ гуна сурат гирифтани ин бозӣ нақлҳо мекунанд. Аҳли оила бо шодиву нишот ва лабони пур аз ханда ба фарзандон барои чолокӣ ва ғолиб омадан аҳсан мехонанд. Дар «тухмчангак» муҳим ба даст овардани тухми зиёд нест, асос ин омўхтани роҳи расидан ба мақсад, пирўз гаштан дар ҳама ҷодаҳои зиндагӣ аст.
Ҳамин аст фазои идона ва бозии дӯстдоштании ҷашни наврӯзӣ дар диёри зебоманзару дилфиреби ноҳияи Айнӣ, ки солҳои сол аз насл ба насл гузашта, пойдор мондааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд






