«ТУХМҶАНГАК» ДАР ЗАРАФШОН. Он бозии дӯстдошта дар ҷашни дилорои наврӯзист

Март 25, 2023 09:18

ДУШАНБЕ, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои кўҳистони  мамлакат  як зумра  расму оинҳо ва бозиҳои мардумӣ  ба ҷо оварда  мешаванд. Аз ҷумла, дар байни  сокинони ноҳияи Айнӣ дар рӯзҳои ҷашни  Наврӯз анъанаи «тухмҷангак» ё «тухмзанон» маъмул аст, ки дар ин хусус каме маълумот медиҳем.

Баҳори ноҳияи Айнӣ басо зебову дилрабост. Ғӯра бастани дарахтони мевадиҳанда, сарсабз шудани табиати атроф, лойҳои шиттаро ба шакли пунбадона лӯнда карда, оварда, дар шифтҳои хонаҳо — дар паҳлуи болорҳо бо камоли маҳорат ба тарзи нимкиштӣ барои худ хона сохтани фароштурукҳо, чаҳ-чаҳи булбулону нағмасароии кабкони хушхон аз омад-омади баҳору фарорасии мавсими кишту кор ва омодагӣ ба таҷлили Наврӯз гувоҳӣ медиҳад.

Фарорасии Наврӯзро дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ дар баробари ҷавонону калонсолон наврасону хурдсолон низ басе интизорӣ мекашанд. Чун дар рӯзҳои ҷашнӣ онҳо имконият пайдо мекунанд, ки анъанаҳои неки гузаштагонашро анҷом диҳанд. Яке аз ин расмҳо — ин бозии «тухмҷангак» аст, ки дар байни хурдсолону наврасон басе роиҷ аст.

Модарон шабона тухмҳоро дар зарфҳо бо омехта кардани пӯсти пиёз ва анор меҷӯшонанд. Баъд аз омода шудан тухмҳо ба худ рангҳои хос мегиранд. Ҳамаро омода карда, дар як тарафи айвон мегузоранд, то он ки сард шаванд. Наврасону хурдсолон бошанд бо шодӣ сар ба болин гузошта, чӣ гуна гузаштани бозии пагоҳинаро тасаввур мекунаду хобҳои рангоранги «тухмҷангак» мебинад.

21 март, субҳи барвақт ҳар яке дар даст чанддонагӣ тухм гирифтаву ба кӯчаҳои деҳа мебароянд. Аз дур тамошои ин саҳна, ки чӣ гуна хурдсолону наврасон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ин бозиро анҷом медиҳанд ва ғолибон шодӣ мекунанд, хеле  фараҳбахш аст.

Дар мавриди шуҳрат доштани ин бозӣ дар байни мардуми Зарафшон боре зимни суҳбат Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Хосияти Зарафшонӣ чунин ёдоварӣ кардааст: «Тухмҷангак оини аҷибу зебои наврӯзии мардуми Зарафшон аст. Ман, ки бисёр духтари шӯх будам, тухмҳои сунъӣ сохта, чунон рангу бор мекардам, ки онро аз тухми ҳақиқӣ фарқ карда намешуд. Тухмҳои сохтаам бисёр сахт буданду тухмҳои ҳарифонро ба зудӣ мешикастанд».

«То он даме ки сиррам фош нашуда буд, ҳамеша «ғолиб»-и тухмҷангакҳо  мешудам. Дар ин айём бозиву шўхиҳои зиёде мекардем, ки беҳтарин давраҳои бачагӣ буданд», —  бо ханда ёдовар мешавад ў.

Бояд гуфт, ки ин бозӣ то дер боз давом ёфта, нафарони ғолиб дар даст шумораи зиёди тухмҳои ба даст оварда,  бо эҳсоси пирўзӣ  ба хонаҳояшон баргашта, назди волидон аз чӣ гуна сурат гирифтани ин бозӣ нақлҳо мекунанд. Аҳли оила бо шодиву нишот ва лабони пур аз ханда ба фарзандон барои чолокӣ ва ғолиб омадан аҳсан мехонанд.  Дар «тухмчангак» муҳим ба даст овардани тухми зиёд  нест, асос  ин омўхтани роҳи расидан ба мақсад, пирўз гаштан дар ҳама ҷодаҳои зиндагӣ аст.

Ҳамин аст фазои идона ва бозии дӯстдоштании ҷашни наврӯзӣ дар диёри зебоманзару дилфиреби ноҳияи Айнӣ, ки солҳои сол аз насл ба насл гузашта, пойдор мондааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 25, 2023 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Женева ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ НАВРӮЗ». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷашни Наврӯз истиқбол гирифта шуд
Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза истиқбол мегирифтанд
Ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» ба мардум шодиву нишоти беандоза бахшид
Дар Истаравшан ҷашни Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҷлил гардид
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
Дар Кумитаи телевизион ва радио ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи расму оинҳои хосса таҷлил гардид
Дар Суғд мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор шуд
Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо барномаи рангини ҳунарӣ таҷлил гардид