ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим дар Наврӯз аз оғози кишту кори баҳорӣ башорат медод

Март 21, 2023 17:44

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷуфтбаророн маросимест, ки деҳқонону барзгарон онро дар фасли баҳор, баробари гарм шудани ҳаво ва бедоршавии табиат аз хоби зимистона иҷро мекунанд. Ин маросимро аз қадимулайём кишоварзони тоҷик дар оғози фаъолияти деҳқонӣ дар мавсими нави кишоварзӣ бо тантанаву хурсандиҳо барпо менамуданд ва он ба ҷашни оммавӣ табдил меёфт.

«Ҷуфтбаророн», «қӯшбаророн» ва «юғмонон»

Маросими ҷуфтбаророн мавриди хубест барои оғози кишту кори баҳорӣ. Агар ин маросимро мардумони водиҳои Рашту Ҳисор, минтақаи Кӯлоб, қисман Зарафшон ва тоҷикони Сурхондарёву Қашқадарё «ҷуфтбаророн» меномиданд, сокинони шимолии Тоҷикистон онро «қӯшбаророн» ва «юғмонон» низ мегуфтаанд.

Замони анҷом додани ҷуфтбаророн дар ҳама ҷо як хел набуд. Он вобаста ба иқлим ва шароити табиат дар водиҳо ва минтақаҳои гарм барвақттар ва дар мавзеъҳои кӯҳсор дертар баргузор мешуд. Маъмулан, замон ва рӯзи барпокунии маросимро мӯйсафедону деҳқонони ботаҷриба муайян мекарданд. Барои ҷуфтбаророн рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа мувофиқ буд, зеро онҳо рӯзҳои ҷуфти ҳафта буда, бахосият ҳисоб мешуд.

Дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни Наврӯз – Шогунбаҳор ва расми ҷуфтбаророн паси ҳам барпо мешуд. Тибқи иттилои фолклоршиносон Шакармамадовҳо, мардони ҳар деҳ бо хӯрокиҳои шогунӣ одатан дар рӯзи аввал дар назди остон – зиёратгоҳ ҷамъ меомаданд, ки онро остоннихътайд (остонбароӣ) меномиданд. Рӯзи дуюм хурсандиҳо дар боғҳову майдонҳо барпо мешуданд.

Ҳамин тариқ, маросими ҷуфтбаророн вобаста ба табиату иқлим ва фарорасии мавсими гармо дар навоҳии кӯҳистону водиҳо дар вақту замони гуногун барпо мешудааст.

Дастархони маросими ҷуфтбаророн

Ба маросими ҷуфтбаророн аҳли деҳа, ҳама хурду калон ва зану мард тайёрӣ медид. Қабл аз шуруи ҷуфтронӣ дар масҷид ё меҳмонхонаҳо дастархон меоростанд. Ҳар оила мувофиқи имкон ва қудраташ нону кулча ва  хӯрок пухта, ба ҷойи муайянгардида меовард. Баъзан деҳқонони нисбатан доро гӯсфанд ё бузеро забҳ намуда, шӯрбо мепухтанд ва ба мардум пешкаш мекарданд.

Дар Варзоб аз хӯрокҳо оши бурида ва далда бештар таҳия мегашт, ки рамзи баракату фаровониро дошт.

Дар деҳаҳои Мастчоҳ оши борик (оши бурида) ва атола мепухтанд ва барои ҷуфтгарон ба саҳро мебурданд. Ҳар навъи хӯроку ғизое, ки ба анъанаи ҷуфтбаророн дохил шуда буд, мазмунҳои рамзию эътиқодӣ дошта, орзуву омоли мардумро ифода мекард.

Ифодаи равған дар хӯрок барои ин маросим рамзи баракату фаровонӣ дониста мешуд. Дар аксари маҳалҳо занҳо барои дастархони маросими ҷуфтбаророн нону кулчаҳои равғанину қаймоқин ва қатлама мепухтанд. Аз хӯрокҳо мардуми кӯҳистон бештар қурутоб бо равғани зард ё равғани зағирро меписандиданд. Зеро равған низ дар фарҳанги суннатии тоҷикон рамзи файзу баракатро ифода мекунад.

Мӯйсафедон ба шоху гардани барзаговҳои корӣ равған мемолиданд ва орзуи баракату фаровонӣ карда, дуои нек медоданд. Дар деҳаи Варгонзеҳи Кашкрӯд (Қашқадарё) ба шохҳои барзагов равғани зағир ва ба нӯги шохҳо ранги сурх мемолиданд. Ранги сурх дар ин маврид метавонад ишора ба ойинҳои қадимии ориёиҳо марбут бошад. Чунончи, ҷашни лола ва сайрҳои Гули сурх дар байни тоҷикони Осиёи Марказию Афғонистон ба ҳамин ақида иртибот дорад. Инчунин дар Бадахшони Тоҷикистон дар айёми Наврӯз анъанаи сурхигузорӣ ва пӯшидани либосҳои сурх маъмул аст. Баъзе муҳаққиқон ранги сурхро дар робита ба ҷашни Наврӯз рамзи шодию хуррамӣ низ шумурдаанд.

Ҳамчунин дар маросими ҷуфтбаророн амалҳои дигар низ иҷро мешуданд. Масалан, рӯзи ҷуфтбаророн ба барзаговҳо яктоӣ нон мехӯронданд ва бо ин амал кишоварзон соли серию пурӣ шуданро орзу мекарданд. Барои дафъ кардани қувваҳои нопок ҳазориспандро дуд андохта, аз болои он барзаговҳоро гузаронида, баъд барои заминронӣ ба саҳро мерафтанд.

Ин маросим дар гӯшаву канори мамлакат бо тарзи ба ҳамон минтақа хос баргузор карда мешавад.

Кочӣ — таоми махсуси ҷуфтбаророн

Мардумшиносон М.С.Андреев ва А. Половтсов дар навоҳии Ишкошиму Вахон одати дигари эътиқодиро мушоҳида кардаанд, ки дар рӯзи якуми ҷуфтбаророн иҷро мешудааст. Дар хонаҳои деҳқонон дар ин рӯз таоми махсус аз орду об ва равғану шир омода мекардаанд, ки мардум онро кочӣ меномиданд. Таомро ба саҳро меоварданд. Соҳиби замин дар кафи дасташ як қошуқи  пури атолаи кочиро гирифта, ба пешонии барзаговҳои ҷуфтӣ мемолид.  Шахсони дигар дар сари дастархон нишаста, таом мехӯрданд. Аммо онҳо табақҳоро холӣ намекарданд, каме аз атоларо боқӣ мегузоштанд, зеро он рамзи серию пурӣ дошт. Хӯроки боқимондаро дар дастҳо гирифта, ба рӯйи якдигар мемолидаанд ва завқ бурда, шодию хуррамӣ мекардаанд.

Дилшод РАҲИМӢ,
фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2023 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди корҳои созандагӣ ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон шинос шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» беш аз 60 ширкат маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
14 нафар соҳибкорзанон соҳиби гранти Раиси вилояти Хатлон гардиданд
Дар Душанбе роҳбарони сохторҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Эрон мулоқот анҷом доданд
Дар форуми «Хатлон Инвест-2025» 30 ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расид
«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2025». Имконоту иқтидори иқтисодию сармоягузории калонтарин минтақаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият медиҳанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Фархор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Дар Суғд вобаста ба таъмини дурнамои зироати кишоварзӣ машварат баргузор шуд
Дар Сеул лоиҳаи сохтмони маҷмааи «IT Hub Dushanbe» баррасӣ гардид
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» оғоз гардид