Аҳлиддин Тӯрдиев сармураббии дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ интихоб гардид

Апрель 19, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Баъди як рӯзи истеъфои худ аз вазифаи сармураббии дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе Аҳлиддин Турдиев вазифаи сармураббии дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро ба уҳда гирифт, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Аҳлиддин Тӯрдиев соли 2018 дар дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси ёрдамчии Алиҷон Турдиназаров фаъолият карда буд. Бо роҳбарии онҳо дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ сазовори зинаи сеюм гардид. Имсол дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар ибтидои мавсим дар Ҷоми ФФТ ғолиб омад, аммо баъди гузашти чаҳор даври мусобиқа бинобар натиҷаҳои на он қадар хуб бо хоҳиши худ аз вазифа рафт.

Бояд гуфт, ки Аҳлиддин Турдиев дар мавсими гузашта сармураббии дастаи «Динамо» дар Лигаи якум ва дастаи мунтахаби ҷавонони то 2-солаи Тоҷикистон буд. Таҳти роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи мамлакат ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё баромад, аммо ФФТ ба ҷой ӯ мутахассиси беларус Олег Кубаровро ба даста даъват кард.

Ёдовар мешавем, ки дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев 4 бозӣ анҷом дода, як бохт ва се натиҷаи мусовиро соҳиб шуд.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 19, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад