ҲАР ВОЯ МУҲИМ АСТ. Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар шаҳри Душанбе вобаста ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон, ки аз 24 то 29 апрел дар давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гузаронида мешавад, ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон ҳар сол таҳти шиорҳои махсус доир мешавад. Имсол он таҳти шиори «Ҳар воя муҳим аст. Вақт муҳим аст» баргузор хоҳад шуд.
Тазаккур дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баҳри тарғиби иммунизатсия дар байни аҳолии мамлакат ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ якчанд тадбирҳоро амалӣ гардонида истодааст.
Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон уҳдадорӣ гирифт. Ҳамзамон мамлакат узви баробарҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ, ба монанди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия, Агентии Рушди Байналмиллалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар донорҳо ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пасткунӣ ва ё маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда оғоз намуд.
Гуфта шуд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ сиёсати ягонаи давлатӣ, ба монанди Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст, ки онҳо ба такмили системаи иммунопрофилактика дар қаламрави ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани саломатии кӯдакон равона шудаанд.
Дар анҷоми нишаст як зумра роҳбарон ва намояндагони Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар минтақаҳои мамлакат баҳри саҳми арзанда гузоштан дар маъракаҳои иммунизатсия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






