Ба таъсиси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Онро то имрӯз 18 000 нафар хатм кардааст

Апрель 23, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба таъсиси яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат — Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Донишгоҳи мазкур моҳи марти соли равон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиёӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба роҳбарияти донишгоҳи мазкур иттилоъ медиҳад.

Роҳбарияти донишгоҳ иттилоъ доданд, ки дар тӯли 30 соли фаъолият донишгоҳ зиёда аз 18 ҳазор мутахассиси баландпоя ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омода намудааст, ки имрӯз хатмкардагони он дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла дар вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолияти босамар доранд.

Тазаккур дода шуд, ки муассисаи таълимӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 фаъолияти худро оғоз бахшида, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми шоиста мегузорад. Донишгоҳ дорои ҳафт факултет буда, мутахассисонро аз рӯи 43 ихтисос дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ, информатика, системаҳои автоматикунонида, веб-дизайн ва графикаи компютерӣ омода менамояд.

Ҳадаф тарбияи мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат буда, шароити фароҳамшуда дар донишгоҳ имкон медиҳад, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба ин ҳадаф бирасад. Барои омода намудани мутахассисон 341 омӯзгор, аз ҷумла 21 доктори илм, профессор, 150 номзади илм, дотсент ҷалб гардида, дар маҷмуъ, аз теъдоди умумии устодон 50,1% дорои дараҷаи илмӣ мебошад.

Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён шартномаи ҳамкории донишгоҳ бо 151 муассиса, аз қабили мақомоти идоракунии давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ ва дигар субъектҳои хоҷагӣ ба имзо расида, ҳамасола донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро дар муассисаҳои мазкур ба роҳ мемонанд.

Имрӯз донишгоҳ аъзои фаъоли Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Лигаи донишгоҳҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ба ҳисоб рафта, бо зиёда аз 84 муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои грантӣ дар самти табодули устодони варзида, ҷалби магистрҳо, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил, ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсил ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Теъдоди умумии донишҷӯёни донишгоҳ 7207 нафарро ташкил медиҳад. Дар донишгоҳ дар 60 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, дар 11 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва дар 2 гурӯҳи академӣ бо забони чинӣ машғулият гузаронида мешавад.

Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои 53 ҳазору 334 адад адабиёт мебошад. Инчунин донишгоҳ дорои китобхонаи электронӣ мебошад, ки беш аз 130 ҳазор маводи илмиву таълимӣ-методӣ, бадеӣ ва маълумотдиҳанда дорад.

Натиҷаи дастгириву шароити муҳайёгардида буд, ки донишҷӯёни донишгоҳ ҳамасола дар озмуну олимпидаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла, давоми соли 2022 донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд-2022», «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2022» ва ғайра соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Донишгоҳ дорои маҷмааи варзишии замонавии иборат аз ду ошёна бо 400 ҷойи нишаст бо фарогирии толор барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, толори варзиши сабук, толор барои бозии шоҳмот ва тенниси рӯи мизӣ муҷаҳҳаз бо лавозимоти варзишии муосир мебошад, ки ба боз ҳам беҳтар тамрин намудани донишҷӯён ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.

Мояи ифтихор аст, ки дар раванди корҳои созандагӣ ва таҷлили ҷашни бошукуҳи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ 15 ноябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароити зарурии муосир мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар бинои мазкур барои баргузории машғулияти лексионӣ, амалӣ, барои донишҷӯёни риштаи молияву бонкдорӣ дарсҳои таҷрибаомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ усулҳои муосири омӯзиши забонҳои англисӣ, чинӣ, немисӣ ва арабӣ, барои гузаронидани корҳои амалӣ бо истифода аз воситаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа лабораторияи криминалистӣ, сабти барномаҳои донишгоҳӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар донишгоҳ сохтмони якчанд иншооти дигар низ ба нақша гирифта шудааст, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Апрель 23, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд