Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 5 озмоишгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи ташхиси сайёри COVID-19 маросими супоридани панҷ озмоишгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат хабар доданд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи Созишномаи грантӣ аз ҷониби Фонди Авруосиёии субот ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи ташхиси мобилии COVID-19, ки 8 октябри соли 2021 ба имзо расидааст, амалӣ карда мешавад.
Дар доираи лоиҳа озмоишгоҳҳои санитарию эпидемиологӣ бо дараҷаи бехатарии биологӣ, инчунин системаҳои тестӣ барои ташкили корҳо оид ба ташхиси COVID-19 харидорӣ карда шудаанд.
Дар татбиқи лоиҳа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вазифаҳои гурӯҳи татбиқи лоиҳа ба зиммаи Фонди Русия «СПИД Инфосвяз» stop-ed-meds.net шудааст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






