БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд бунёд, таъмир ва навсозии 590 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Апрель 11, 2023 11:19

ДУШАНБЕ, 11.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2022 ва се моҳи сипаришудаи соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд 226 иншооти таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ карда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Аз шумораи иншооте, ки дар ин давра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, 20 адади онро коргоҳу корхонаи саноатӣ ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёд, таъмир ва навсозии 590 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Нақшаи мукаммали созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд асосан фарогири тарҳҳои бузургу замонавӣ, ба монанди бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, майдону толорҳои варзишӣ, дармонгоҳҳои муосир, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, инчунин навсозии роҳҳои мошингард ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мебошад.

Аз иншооти сохташаванда шумораи зиёди онро биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ташкил медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки дар вақти бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба сифати корҳо равона гардида, ҳар амали сохтмонӣ дар асоси лоиҳа иҷро карда мешавад.

Ба таъкиди масъулин, тамоми намуди масолеҳи сохтмонӣ пеш аз истифода мавриди ташхис қарор гирифта, назорат дар самти сифат доимӣ аст.

Давоми солҳои охир дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо қомат афрохтани иншооти таъйиноти гуногун шарити кору хизматрасонӣ ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардида,  боздиди ҷаҳонгардон низ афзоиш ёфтааст.

Азму иродаи сокинон, хусусан соҳибкорони шаҳри Хуҷанд дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қавӣ аст. Ин аст, ки  то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли иншооти нақшавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 11, 2023 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон