Бар асари бориши шадид ба бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон хисорот расидааст

Апрель 3, 2023 13:39

ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар пайи бориши шадид, ки боиси омадани сел гардид, ба бархе аз минтақаҳои  Тоҷикистон хисорот ворид гардид. Шоми 2 апрел бар асари бориш ҳудуди шаҳраки 3-юми кӯчаи Зуҳал, қитъаҳои нав, роҳи маҳаллӣ ва чанд таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғдро селоб фаро гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари бориши шадид сел ба амал омад. Дар натиҷа ду километр роҳи маҳаллӣ осеб дида, як бинои истиқоматӣ, ду оғил ва як қисми заминҳои кишоварзии боғи зардолу қисман зери об мондааст. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​низ омадани сел ба қайд гирифта шудааст.

«Ҳамчунин дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара тақрибан 300 метр шоҳроҳи маҳаллӣ ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро хоктӯдаву сангреза фаро гирифтааст. Аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд соати 23:40 дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд ду мошини «Газел» аз лойоба бароварда шуда, як қисми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз партовҳо тоза карда шуд. Дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст», — иттилоъ доданд  дар Кумита.

Барои анҷом додани дигар корҳо оид ба рафъи оқибатҳо ва муайян кардани зарар дар маҳал комиссияҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулода ҷалб карда шудаанд.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 3, 2023 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад