БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024. Дар Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқаи футболи занон баргузор мешавад

Апрель 3, 2023 20:15

ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 11 апрел дар шаҳри Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи занон барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон барои дарёфти роҳхат ба даври навбатии мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии соли 2024 мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ ёфта, онҷо панҷ дастаи беҳтарини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба мубориза ҳамроҳ мешаванд.

Даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 

Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Ҳонконг, ТОҶИКИСТОН, Покистон.

Даври 1

5 апрел (чоршанбе)

16:00 – Филиппин – Покистон
19:00 – Ҳонконг – ТОҶИКИСТОН

Даври 2

8 апрел (шанбе)

16:00 – Покистон – Ҳонконг
19:00 – ТОҶИКИСТОН – Филиппин

Даври 3

11 апрел (сешанбе)

16:00 – Филиппин – Ҳонконг
19:00 – ТОҶИКИСТОН – Покистон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 3, 2023 20:15

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд