«CAFA NATIONS CUP 2023». Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии якуми худро бо дастаи Туркманистон анҷом медиҳад

Апрель 27, 2023 10:29

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақвими бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023», ки аз 10 то 20 июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, муайян карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Узбекистон, Туркманистон ва Уммон ҷойгир шуд. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Тошканд баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 11 июн бо дастаи миллии Туркманистон анҷом медиҳад.

Дар даври дуюм 14 июн дастаи мо бо Уммон бозӣ мекунад. Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 17 июн дастаи миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Узбекистон вомехӯрад.

Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA, дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюм мубориза мебаранд.

Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 

Гурӯҳи «А»

Узбекистон (мизбони гурӯҳ)

ТОҶИКИСТОН

Туркманистон

Уммон

Даври 1
11 июн (якшанбе) 

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Узбекистон – Уммон

Даври 2
14 июн (чоршанбе) 

Уммон – ТОҶИКИСТОН

Туркманистон – Узбекистон

Даври 3
17 июн (шанбе)

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Туркманистон – Уммон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 27, 2023 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд