Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултаи идораи замин ва геодезия мулоқот доир гардид

Апрель 21, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 21.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ҷиҳати ҷалби ҳарчӣ бештари хатмкунандагони соҳаи заминсозӣ ва геодезӣ барои фаъолият дар муассисаву системаҳои Кумитаи давлатӣ ва кумитаи идораи замин дар маҳал бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва аз худ намудани нозукиҳои касби заминсозию геодезӣ ҳамеша омода аст. Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки фориғ аз машғулияти донишгоҳӣ метавонанд дар институтҳои системаи Кумитаи давлатӣ донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ кунанд.

Таъкид шуд, ки дар айни ҳол дар сохтори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 8 корхонаву муассисаи зертобеъ, аз ҷумла Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз», Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо», корхонаҳои воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», «Фабрикаи харитасозӣ», «Аэрогеодезии Душанбе» ва корхонаҳои аэрогеодезӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон мавҷуд ҳастанд, ки самти асосии фаъолияти онҳо аз иҷрои корҳои заминсозию кадастрии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул иборат мебошад.

Изҳор гардид, ки ҳар як донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, махсусан муҳассилини факултаи идораи замин ва геодезия аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат хуб баҳра бурда, бо таҳсили аъло барои соҳибмаърифат ва соҳибкасб шудан азму талош меварзанд.

Раиси Кумитаи давлатӣ донишҷӯёнро талқин намуд, ки ҳарчӣ бештар донишҳои муосирро аз худ намоянд, барномаҳои компютериро, ки барои фаъолият дар соҳаи заминсозӣ, геодезӣ ва бақайдгирӣ зарур ҳастанд, омӯзанд ва бо таҳизоти навтарин кор карданро ёд гиранд. Танҳо дар ин сурат метавонанд ҷойи кор ва маоши муносиб дарёфт намоянд.

Таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд бо иродаи устувор, дониши мукаммал, одобу ахлоқи ҳамида, барои пешгирӣ  аз ҳар гуна ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб, гаравидан ба равияҳои динии бегона дар байни ҳамсолони хеш, ки мутаассифона,  ба назар мерасанд, кӯшиш намоянд.

Вобаста ба тақвияти ҳамкории барои ҷонибҳо судманд  якчанд устоду донишҷӯ мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён намуд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 21, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд