Дар Душанбе дурнамои ҳамкории муштарак доир ба масъалаҳои озодии дин ва эътиқод баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайридин Усмонзода бо гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии дин ва эътиқод хонум Назила Ғанӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории муштарак вобаста ба масъалаҳои озодии дин ва эътиқод дар минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази номбурда хабар доданд.
Вобаста ба озодии эътиқод дар ҷумҳурӣ изҳор карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии давлатро муайян карда, ба ҳайси сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон баромад менамояд. Меъёрҳои он барои ҳамаи соҳаҳои мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи дин заминаи асосии ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.
Таъкид гардид, ки озодона муайян намудани муносибати инсон нисбат ба дин бевосита аз моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намудааст. Моҳияти дунявии давлат- ин маънои таъмини ҳамзистии осоштаи динҳо ва давлатро дар назар дорад.
Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо эътироф шуда, барои фаъолияти осоиштаи дин, ибодат, расму оин ва маросим ягон маҳдудият вуҷуд надорад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






