Дар Душанбе Форуми якуми минтақавӣ таҳти унвони «Нақши занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа дар Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи чорабиниҳои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Нақши занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа дар Осиёи Марказӣ» Форуми якуми минтақавӣ оғоз гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар кори Форуми якуми минтақавӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои дахлдори давлатии Тоҷикистон иштирок доранд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён оид ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки дар доираи иҷрои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи давлатии ҷобаҷогузории кадрҳо имрӯз шумораи занон дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хеле назаррас аст.
«Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа ба рушди устувори мамлакат ҷалб карда шавад.
Ин аст, ки сол то сол мақому мартабаи занону модарон дар ҷомеа баланд гардида, дар сохторҳои гуногуни мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафи занони далеру шуҷоъ меафзояд ва онҳо ҷиҳати таъмини волоияти қонуну ҳифзи суботу оромии мамлакат фаъолияти назаррас менамоянд»,-иброз дошт Матлубахон Сатториён.
Форуми якуми минтақавӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди амалисозии санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар самти барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон, таъмини иштироки баробари занону мардон дар раванди қабули қарор ва сулҳофарӣ, инчунин бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030 доир карда мешавад.
Иштирокдорони форум масъалаҳои мусоидати давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҷалби занон ҳамчун субъекти фаъоли раванди идоракунӣ ба қабули қарор, зиёд намудани ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва дар мақомоти салоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, баланд бардоштани сифати кумак ба занону духтарони гирифтори зӯроварӣ дар мақомоти салоҳиятдор ва муассисаҳои давлатӣ, рушди ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди баланд бардоштани иқтидори роҳбарии занон, рафъ намудани қолабҳои гендерӣ вобаста ба нақши мардону занон дар ҷомеа ва ташаккули симои занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Баргузории Форуми минтақавӣ ба фароҳам овардани майдони фарох барои мубодилаи афкор, иттилоот ва табодули таҷриба баҳри ҷонибҳои манфиатдори минтақаи Осиёи Марказӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ҷиҳати таҳияи тавсияҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Форум дар шакли ҳузурӣ ва онлайнӣ доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки кори форум имрӯз, соати 15:30 анҷом меёбад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






