Дар Душанбе масъалаи касбомӯзӣ ва таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Федератсияи Русия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Директори сармоягузории асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии «Росатом» доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо доир ба масоили касбомӯзӣ ва таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Федератсияи Русия мубодилаи афкор намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати номбурда хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар мулоқот ҳамзамон Президенти Ассотсиатсияи «Иттиҳодияи миллии бинокорон» «НОСТРОЙ»-и Федератсияи Русия ва намояндагони ширкати давлатии «Росатом» иштирок доштанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории шарикӣ барқарор намуда, муносибатҳои дарозмуддатро барои баланд бардоштани касбияти захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монанд.
Ҳамчунин ҳайати меҳмонон 27 апрел аз ҷараёни омӯзиши касбӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» боздид намуда, бо имконияти фарогирии касбомӯзон аз рӯйи ихтисоси соҳаи сохтмон шинос шуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






