Дар Хатлон барои соҳибкасб гардидани шаҳрвандони аз 18-сола болои бешуғл тадбирҳои муассир меандешанд
ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар ин хусус зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 27 апрел дар ноҳияи Данғара доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастуру супориш дода шуд, ки якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда чораҷуӣ намоянд.
Дар мулоқот роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои саривақтиву босифати барномаҳои давлатии қабулгардида тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи қонунияту тартибот ва волоияти қонун дар вилояти Хатлон, пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва таъмин намудани волоияти қонун андешаронӣ карда, дар назди масъулини вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






