Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бозиҳои варзишии оянда баррасӣ карда шуд

Апрель 10, 2023 14:38

 ДУШАНБЕ, 10.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроия баргузор гардид, ки дар он  бозиҳои варзишии соли 2023-ро баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод.

Дар ҷаласаи мазкур  таъкид шуд, ки муҳимтарин чорабиниҳои соли 2023- ин Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, Бозиҳои 6-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Таиланд ва дигар мусобиқаҳои квалификатсионии байналмилалӣ мебошанд, ки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо иштирок менамояд.

Иштирок дар ин мусобиқаҳои квалификатсионӣ ба варзишгарони муваффақи мо имконият медиҳад, ки онҳо роҳхати Бозиҳои олимпии Париж – 2024-ро ба даст оранд.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории чорабиниҳои «Дав барои хушҳолӣ», баргузории чорабинии таблиғотӣ пеш аз Бозиҳои Осиё дар шаҳри Душанбе ва татбиқи барномаҳои муқарраргардидаи Ҳамбастагии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё дар сатҳи зарурӣ вазифа ва уҳдадории дигари Кумита дар соли равон буд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Апрель 10, 2023 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд