Дар Норак ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон бо хонандагон ва волидайн вохӯриҳо доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 — и деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин ва Гимназияи давлатии №1- и маҳаллаи Сари Гузари Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳр бо хонандагони синфҳои 9,10,11 ва падару модарони онҳо вохӯриҳо доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.
Дар вохӯриҳо роҳбарияти шаҳри Норак, намояндагон аз раёсати маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр иштирок намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфта шуд.
Ҳамзамон дар вохӯриҳо масоили пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва иззату эҳтироми омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






