Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ аз шаҳри Ваҳдат 340 ҷавон ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гардид

Апрель 4, 2023 20:00

ВАҲДАТ, 04.04.2023./АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар майдони Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат  барномаи фарогир ва хотирмон доир шуда, зиёда аз 340 даъватшаванда аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо орзуи неку дуои падару модарон  ба хизмат равона шуданд.  Дар ин хусус ба  хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Дар маросим масъулини шаҳри Ваҳдат  изҳор доштанд, ки «хизмат дар сафи артиш, ҳимояи марзу буми Ватан- Модар ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди боору номус ва ватанхоҳ буда, ин рисолат то абад боқӣ мемонад. Аз таърих ва осори гузаштагон медонем, ки ба сафи артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб карда мешуданд ва ин анъана имрӯз низ давом дорад.  Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки шаҳри Ваҳдат бо ҷавонони далеру шуҷои худ ифтихор намуда, рӯзҳои наздик нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро менамояд».

Гуфта шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва бо истифода аз имконияти мавҷуда дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ ҳал гардида, сохтмон ва навсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат меёбад. Пас дар чунин шароит ҳар ҷавони бонангу номусро зарур аст, ки дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне хизмат ба Ватан – Модар таъхир накарда, ба ҳифзи марзу буми сарзамини хеш камар бубандад.

Дар ҳамоиш ба зиёда аз 120  наваскаре, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран шомил шуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири даъватшавандагону волидайни онҳоро шод гардонид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Апрель 4, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад