Дар вилояти Хатлон оид ба фаъолгардонии неруи зеҳнию фитрии ҷавондухтарон вохӯрӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва Барномаи рушди оила бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи фаъолгардонии неруи зеҳнию фитрии ҷавондухтарон зимни баргузории барномаҳои маърифатию фарҳангӣ, иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, риояи либоспӯшии миллӣ ва ба ин васила аз байн бурдани падидаҳои бегонапарастӣ ва омода гардидани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона суҳбатҳои судманд доир карда шуд.
Сипас дар бахшҳои алоҳида бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи донишгоҳи мазкур барои донишҷӯдухтарон дарси «Маърифати оиладорӣ» гузаронида шуда, мавзуъҳои ташкили оилаи солим, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла зӯроварӣ дар байни духтарон ва тарбияи насли босаводу соҳибандеша мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки дарсҳои тарбиявии «Маърифати оиладорӣ»- ро минбаъд дар дигар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ доир намояд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






