ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хоруғ 500 бех ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 30 март дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ зиёда аз 500 бех ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд. Маъракаи навбатии ниҳолшинонӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ дар майдони Исмоили Сомонӣ, инчунин маҳаллаи Андарситез доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Дар асоси дастуру супориши роҳбарияти вилоят ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани кӯчаҳои марказии шаҳри Хоруғ дар назди бинои мақомоти иҷроияи вилоят ҳашари навбатӣ гузаронида шуд.
Дар рафти ҳашар роҳи асосии мошингарди шаҳри Хоруғ васеъ гардида, аз ду тарафи он дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонда мешавад. Ҳамзамон дар шафати роҳи мошингард истгоҳи замонавӣ бо тарҳи зебо сохта шуда, роҳи пиёдагарди ин масир бо сангҳои истеҳсоли маҳаллӣ мумфарш карда мешавад.
Новаҳои калони обгузари сари роҳи мошингард, ки баъзеашон ба таъмир ниёз доштанд, иваз гашта, ба ҷойи онҳо новаҳои нав мемонанд.
АКС : Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






