Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Сочи омодагӣ мебинад

Апрель 18, 2023 15:59

ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Русия дар шаҳри Сочи барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду давлат ҷамъомади машқӣ-таълимӣ доир шуда истодааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.   

Ҷамъомади тамринӣ, ки 8 апрел дар Маркази омодагии олимпии Сочи оғоз гардида, 20 апрел анҷом меёбад, зери роҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори гузашта истодааст.

Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар Сочи марҳилаи асосии омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон-2023 маҳсуб мешавад.

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 аз 7 то 14 май дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор мешавад.

Тибқи низомнома, дар чемпионат варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ то 3 апрел дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳими сол 9 варзишгар намояндагӣ мекунад.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Апрель 18, 2023 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд