«ДУНЁИ САОДАТ». Дар Тоҷикистон таҳти чунин унвон Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 апрел то 15 май дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони «Дунёи саодат» Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ дар се давр баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Даври якум аз 1 то 12 апрел дар сатҳи маҳал (яъне шаҳру ноҳияҳое, ки ансамбли оилавӣ доранд) баргузор мешавад.
Даври дуюм аз 17 апрел то 7 май дар маркази минтақаҳои ҷумҳурӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ-эҷодии Вазорати фарҳанг доир мегардад.
Даври ниҳоӣ ва барномаи фарҳангии гулчини Фестивал 15 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали мазкур- рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчӣ бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни аҳолии мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила маҳсуб мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи генералии СММ эълон гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«САДОИ ВАҲДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад
Муовини Сарвазири Бошқирдистон дар Осорхонаи миллӣ бо марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон шинос гардид
Доир ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Забон — рукни муҳими Ваҳдати миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад






