ФУТБОЛ. Бозиҳои даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ба таъхир гузошта шуд

Апрель 18, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон-2023  оид  ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ, ки мебоист 20 ва 21 апрел баргузор шаванд, ба рӯзҳои захиравӣ гузаронида шуда, 28, 29 ва 30 май доир мешаванд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст. 

Бозиҳои даври шашуми мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон-2023 тибқи тақвим 25 ва 26 апрел баргузор мешаванд.

Чемпионати Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Даври 6

25 апрел (сешанбе)

Оғоз – соати 16:30

«Хатлон» – «Кӯктош»

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»

«Эсхата» – «Равшан»

26 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 16:30

«Истиқлол – КМВА

«Хуҷанд» – «Файзканд»

Дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо касби 10 имтиёз садрнишин аст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо доштани 9 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи  футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бе имтиёз дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа ҷой гирифтааст.

Натиҷаи  бозиҳо  дар ҷадвали    Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  

    Б Ғ М Б Г-Г Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 9-2 10
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 4 3 0 1 6-3 9
3 «Хатлон» (Бохтар) 4 2 0 2 2-5 6
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 1 2 1 6-4 5
5 «Ҳосилот» (Фархор) 4 1 2 1 5-3 5
6 «Равшан» (Кӯлоб) 4 1 2 1 3-2 5
7 «Файзканд» (Восеъ) 4 1 2 1 6-6 5
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 1 2 1 3-6 5
9 КМВА (Душанбе) 4 0 3 1 3-4 3
10 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 0 0 4 2-10 0

 

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 18, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд