ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн дар мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2023» иштирок мекунад

Апрель 25, 2023 15:56

ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2023», ки аз 11 то 20 июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, иштирок мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

24 апрел CAFA расман дастаҳоеро, ки дар нахустин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд, эълон намуд. Инҳо дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Уммон мебошанд.

Қуръакашии Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2023» 26 апрел, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «А» бо иштироки чаҳор даста дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо иштироки се даста дар Бишкек доир мегарданд.

Бар асоси низомномаи мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023» дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюм мубориза мебаранд.

Таркиби сабадҳо дар қуръакашии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023»:

Сабади 1: Эрон, Узбекистон (мизбони гурӯҳ).

Сабади 2: Қирғизистон (мизбони гурӯҳ), ТОҶИКИСТОН.

Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.

Сабади 4: Уммон.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 25, 2023 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд