Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзои худро уҳдадор менамояд, ки дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ намуна бошанд
ДУШАНБЕ, 10.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар давлате, ки шаҳрвандонаш ватандӯсту худшинос ва аз лиҳози фикрӣ қавӣ мебошанд, истиқлоли он устувор аст. Давлатҳое, ки шаҳрвандонашон эҳсоси ватандӯстии баланд доранд, барои рушду нумуи минбаъда барномаҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ тарҳрезӣ менамоянд. Чунин иброз дошт муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ”Ховар”
— Муҳтарам Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид таъкид гардид, ки мо бояд минбаъд мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Аввалан андешаи шуморо вобаста ба мафҳуми «ватандӯстӣ» шунидан мехостам.
— Ватандӯстӣ маъниву мазмуни баланд дорад ва мухтасар он муҳаббати шахс ва ҳар шаҳрвандро нисбат ба Ватан ифода менамояд. Шарҳу тавзеҳи он мавзуи хеле калон ва фаротар аз як мусоҳиба ва аз як китоб аст. Он падидаест, ки инъикоскунандаи хусусияти руҳиву равонии шахс, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихиву сиёсии миллат, шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ мебошад.
Сиёсати мутавозину гуногунҷанбаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳо хусусияти ватандӯстона дорад. Ҳама кору пайкор ва амалҳои Президенти Тоҷикистон чӣ дар бахши иқтисоду иҷтимоиёт, чӣ дар бахши маорифу фарҳанг ва чӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ тадбирҳои ватанпарастона ва беҳтарин намунаи ватандӯстӣ мебошанд.
Пешвои миллат ҳанӯз солҳои нахустини роҳбарияшон дар ҷаласае таъкид намуда буданд, ки «ҳалли вазифаҳои мураккаби таъмини истиқлоли воқеъии давлат имрӯз аз бисёр ҷиҳат ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ, муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста аст».
— Тавре маълум аст, интиҳои соли 2022 бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ як санади муҳим – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид ва он имрӯз мавриди иҷро қарор дорад. Лутфан мегуфтед, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар иҷрои он имрӯз чӣ нақш дорад?
— Қабули ин санади муҳим, ки бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва ба тасвиб расидааст, талаби замон ва воқеияти рӯз буд. Дар қонуни мазкур ҳизбҳои сиёсӣ низ ҳамчун субъекти татбиқкунандаи он муқаррар гардидаанд. Ҳизби мо дар доираи он аллакай корбарӣ намуда, дар доираи имконият фаъолияти судмандро низ анҷом дода истодааст. Аввалин иқдоми мо дар ин ҷода шуруъ аз шарҳу тавзеҳи қонуни мазкур буд.
Мо дар баргузории курси омӯзишӣ барои роҳбарони сохторҳои ҳизбӣ, ки моҳи феврали соли равон сурат гирифт, дар баробари дигар мавзуъҳо ба барномаи он, пеш аз ҳама, мавзуи шарҳу тавзеҳи ин қонунро аз ҷониби олимону коршиносон, аз ҷумла вакилони Парлумон ба шунавандагон пешбинӣ намудем.
Мавзуъҳои ватандӯстиро дар шакли маъруза, мизи мудаввар ва машғулияти амалӣ баргузор намудем, ки аз ҷониби иштирокдорон бисёр хуб қабул гардид.
Чорабиниҳои зиёде бахшида ба 30- солагии таъсиси Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо фарогирии ҳарчи бештари мардум баргузор намудем, ки хеле таъсирбахш ва хотирмон доир шуд.
Ҳамин рӯзҳо вобаста ба масъалаҳои ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ омӯзишҳои идоравӣ ва хонишҳои сиёсиро дар ташкилоти ҳизбиамон баргузор намуда истодаем ки ҳадаф аз ин густариш бахшидани ҳисси ватандӯстии мардум ва тақвияти маърифати сиёсии шаҳрвандон аст.
— Ба андешаи Шумо чаро ин масъала, яъне тақвият додани ватандӯстӣ имрӯз муҳим арзёбӣ мешавад?
— Масъалаи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ барои давлатҳо масъалаи муҳим буд ва ҳаст. Бешак, ба миён омадани давлатҳо, бахусус давлатҳои миллӣ ва пойдориву устувории онҳо аз натиҷаи амалҳои ватандӯстонаи сарварони сиёсӣ ва боло гирифтани ҳисси ватандӯстии мардумони онҳост.
Биёед, дар мисоли худи мамлакати мо, ки солҳои нахустини истиқлол дар вартаи нобудӣ қарор дошт, назар афканему ба он баҳои воқеӣ диҳем. Хомӯш гардонидани оташи чанги шаҳрвандӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиклоли давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, таъсиси ҳокимияти давлатӣ ва низоми мукаммали давлатдорӣ, ба даст овардани вахдати миллӣ, тахия ва такмили низоми қонунгузори миллӣ бо ғояҳои ватандӯстона, иқдом намудан баҳри ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисоди миллӣ, ташаббусҳои беназири фарҳангӣ, аз қабили бузургдошти шахсиятҳои миллӣ, нашри адабиёти илмию бадеӣ аз осори мутафаккирони гузаштаву имрӯз, таъсису бунёди иншооти фарҳангӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва боло бурдани шуҳрати ҷаҳонии миллат ва мушаххас намудани самтҳои асосии рушди давлатдории миллӣ дар марҳилаи муосир, ки бо талошу иқдоми Пешвои миллат руйи кор омаданд, худ нишонаи олии ватандӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар шароити имрӯза, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти мо таъсир мерасонанд, доираҳое манфиатдоре ҳастанд, ки мардумро аз ватандӯстӣ дур мебаранд ва истиқлолу озодии моро осебпазир менамоянд. Ғояҳои космополитизм, ки дар замони муосир бештар доман паҳн менамоянд, моҳиятан фарҳанги миллӣ, давлат ва сарҳадоти миллиро инкор намуда, ватандӯстиро ғояи хушку холӣ тавсиф менамоянд. Ғояҳои космополитикии таъсиси давлати ҷаҳонӣ ҳоло аз ҷониби бисёре аз доираҳо тарғибу ташвиқ карда мешаванд. Ба ин равандҳо шиддат гирифтани масъалаҳои глобалӣ таъсири фаъол мерасонанд. Ин тамоюл ҳатто давлатҳои қудратмандро нигарон намудааст. Бинобар ин зарур аст, ки ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
— Яъне муҳимияти ин масъала омили таҳкими истиқлолу озодии Ватан маҳсуб мешавад.
— Бале, таърих ҳам собит намудааст, ки истиқлоли ҳар мамлакате, ки шаҳрвандонаш ватандӯсту худшинос ва аз назари фикрӣ қавӣ бошанд, устувор аст. Давлатҳое, ки шаҳрвандонашон эҳсоси ватандӯстӣ доранд, барои рушду нумуи кишвар ва давлаташон барномарезиҳои дархури сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мемонанд.
Давлате, ки шаҳрвандонаш эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ ва маърифати сиёсӣ надорад, дар шароити бархурдҳои сиёсию геополитикӣ осебпазир буда, дар баробари ба вуқуъ пайвастани хатарҳои рӯзафзуни муосир тобовар буда наметавонад. Аз ин хотир ин масъала муҳимияти бештар ба худ касб мекунад.
— ҲХДТ баҳри тақвияти эҳсоси ватандӯстии мардум чӣ барномаҳо дар ихтиёр дорад ва кадом корҳоро амалӣ намудааст?
— Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, масъалаи ватандӯстиро дар мадди аввал мегузорад. Дар Оинномаи он дарҷ гардидааст, ки ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти зӯроварӣ, экстремизм, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Дар баробари ин ин ҳуҷҷати муҳим, ки фаъолияти мо дар асоси муқарррароти он амалӣ мешавад, ҳар аъзои ҳизбро уҳдадор менамояд, ки дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ намуна бошад.
Барномаҳои ҳизби мо, ки имрӯз мавриди татбиқ қарор доранд, аз бандҳое иборат ҳастанд, ки хусусияти ватандӯстонаро дороянд.
Дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб барои солҳои 2020 – 2025, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро дар бар мегирад, таъкид гардидааст, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди ватандӯсти мамлакат, бахусус аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти давлат ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад. Барномаи мазкур ривоҷи садоқати мардум ба Ватан, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллиро зарур мешуморад. Ин барнома мо масъулонро водор менамояд, ки бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстиро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
— Ба андешаи Шумо боз бо кадом роҳҳо эҳсоси ватандӯстиро метавон тавсеа бахшид?
— Роҳу воситаҳои тақвияти эҳсоси ватандӯстии мардум, пеш аз ҳама, ба ҳамкории доимии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ вобаста аст. Аз ин хотир мо бо мақомоти давлатӣ – вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, маркази исломшиносӣ дар асоси нақшаҳои муштарак пайваста ҳамкорӣ менамоем. Дар сатҳи матлуб баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ – фарҳангӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба таърихи миллат ва омӯзиши доимии он ва саҳмгузорӣ дар татбиқи барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо як роҳи муассири расидан ба ҳадафҳои пешбинишудаи тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.
Соли 2021 дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат иқдом намуда, ба ҳар оилаи тоҷик китоби «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуровро тақдим намуданд. Ҳадафи ин тадбири бузургу бесобиқа равнақи худшиносии миллӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва фарогирии таърихро аз сарчашмаҳои муҳимтарини густариши худшиносии миллӣ ва ифтихори огоҳонаи ватандӯстӣ медонанд. Он кас таъкид мекунанд, ки «рӯ овардан ба таърих ва омӯзиши он маҳз барои худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллати мо басе ногузир аст».
Ҷиҳати дигари муҳимми омӯзиши таърихи миллати хеш- бардоштани сабақи таърихӣ аст. Пешвои миллат таърихро ба оина шабоҳат медиҳанд, ки инсон ба он нигариста, ҳастии иҷтимоии худ ва симои ҷамъиятии хешро мушоҳида менамояд.
Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва ватани аҷдодӣ бирасем, мамлакатро аз офати парокандагӣ, миллатро аз хатари нобудшавӣ нигоҳ дорем.
Огаҳӣ аз таърихи гузаштаи миллат барои ҳар фарди ватандӯст, бахусус аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амри зарурист. Бинобар ин ҳама сохторҳои ҳизб ва кормандони масъули онро муваззаф гардонидаем, ки барои моил гардонидани аҳолӣ ба омӯзиши таърихи худ силсилаи чорабиниҳоро вобаста ба омӯзиши мунтазами шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва асарҳои таълифнамудаи Пешвои миллат тақвият бахшида, корҳои мушаххас анҷом диҳанд.
Дар ин ҷода бояд пайваста талош карда, аз арзишҳои пурқимати маънавӣ истифода намоем. Миллати шарафманду соҳибфарҳанги мо дар раванди ташаккули хеш арзишҳои маънавие офаридааст, ки аз баракати онҳо имрӯз соҳиби давлат ва истиқлол гардидааст.
Тасаввур кунед, дар марҳилаи бисёр печидаи ибтидои асри бистум Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бо нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» собит намуд, ки миллати мо дорои таъриху фарҳанг ва илму адабиёти оламшумул аст. Таърих гувоҳ аст, ки аз ин ганҷинаи бебаҳо на танҳо мардуми тоҷик, балки халқу миллатҳои дигар низ ба андозаи хиради хеш баҳра бардоштаанд. Имрӯз дар олам халқу миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки новобаста аз нуфузи зиёд соҳиби давлату давлатдорӣ нестанд. Мардуми тоҷик маҳз туфайли арзишҳои маънавии хеш, ки дар радифи арзишҳои умумибашарӣ мақоми хосса доранд, ба зинаи имрӯзаи пешрафту камолот расида, дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоистаро соҳиб гардидааст. Бинобар ин омӯзиши ин арзишҳои бузург дар густариши ватандӯстӣ аҳамияти бузург самар меоварад.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон