Литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон бо таҷҳизоти истеҳсоли давлатҳои пешрафта таъмин шуд

Апрель 2, 2023 18:18

 ХОРУҒ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон» ба маблағи бештар аз як миллион сомонӣ техникаву таҷҳизоти муосир дастрас ва дар ихтиёри донишҷӯён гузошта шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Ин литсей барои хоҷагии халқ аз рӯи 9 ихтисос мутахассис омода мекунад. Баъди дастрас гардидани таҷҳизоти нав акнун донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки дар баробари баланд бардоштани малакаи касбии худ ҳамчунин баъзе аз маҳсулоти саноатиро истеҳсол ва ба фурӯш гузоранд.

Директори Литсеи касбӣ-техникӣ гуфт, ки бинои чорошёнаи литсей 10 сол пеш бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ дар ҳузури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Қаблан дар ин таълимгоҳ 200 донишҷӯ таҳсил мекард, аммо баъди пурра ба истифода додани бинои нав теъдоди донишҷӯён ба 425 нафар расид.

Бештари довталабон шавқи таҳсил дар бахшҳои кафшергари барқию газӣ, дӯзандагию дуредгарӣ доранд ва барои омӯзиши ҳаматарафаи ин ихтисосҳо дар литсей ҳам омӯзгорони ботаҷриба ва ҳам таҷҳизоти пешрафта мавҷуд аст. Илова бар ин, омӯзгорону донишҷӯён барои такмили дониши назариявию амалии худ ба шаҳри Хоруғ фиристода мешаванд. Ба наздикӣ чанд нафар омӯзгор аз курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, ки бо ҷалби мутахассисон аз вилояти Суғду шаҳри Душанбе дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, баргаштанд. Онҳо ҳоло дониш ва таҷрибаи андӯхтаашонро ба шогирдон меомӯзанд.

Литсеи касбӣ-техникӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки тибқи он то моҳи сентябри соли равон  муассисаҳои таълимии ноҳияро  бо либоси ягонаи талабагӣ таъмин менамояд.

Роҳбари литсей изҳор дошт, ки хатмкардагони литсей дар  Неругоҳи барқӣ-обии «Роғун» ва Неругоҳи хурди барқӣ-обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа кор мекунанд. Роҳбарияти ин неругоҳҳо аз дониш ва лаёқату ҳунари онҳо қаноатманд мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид