Маркази омӯзиши пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 50 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронидааст

Апрель 27, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳудуди пиряхҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ зиёда аз 50 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронидааст. Дар ин хусус зимни баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ- амалӣ, ки 25 апрел дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба 5-солагии таъсиси Маркази мазкур дар мавзуи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025 ва саҳми шарикони рушди устувор дар иҷрои қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид» баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази омӯзиши пиряхҳо хабар медиҳад, дар конференсия намояндагон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, инчунин шарикони рушд ва мутахассисони пиряхшиноси хориҷӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои мухталифу мубрами илми муосир, идоракунии захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ ва таъсири он ба пиряхҳо ва дигар масоили муҳим изҳори андеша карданд.

Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо роҷеъ ба таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо, саҳми муассисон, роҳи тайкарда, мушкилоту дастовардҳои назарраси илмӣ–амалӣ, равобити байналмилалию экспедитсияҳои доиршуда ва инчунин саҳми босазои шарикони рушд ва лоиҳаи қонун «Дар бораи пиряхҳо» сухан гуфт.

Ӯ иброз дошт, ки «таъсиси маркази мазкур маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти ҷумҳурӣ ба вуқуъ пайваста, тақозои замон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳадафи ягона ва асосии мо он аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри ҳифзи пиряхҳо ва инчунин гузаронидани корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, ҳамкории муштарак бо шарикони рушд ва дигар сохторҳои дахлдор ба роҳ монем».

Марказ бо зиёда аз 30 донишгоҳи бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва созмону муассисаҳои бешумори соҳавӣ ҳамкории пайваста барқарор карда, ба таври мунтазам баҳри амалисозии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва инчунин ибтикороти навбатии 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси сайёра ва сатҳи байналмилалӣ эълон шудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025 таҷлил намудани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳамзамон дар ҷодаи амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти омӯзиш ва иҷрои дигар тадбирҳои мушаххас бо мақсади ҳифз ва нигоҳдошти пиряхҳо фаъолият менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул намуд ва иқдоми наҷибу саривақтии Президенти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ карда шуд.

Ҳамзамон 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд Конференсияи дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 доир гардид.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 27, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд