МУСТАҲКАМКУНИИ СОҲИЛҲО. Дар ноҳияи Ашт гурӯҳи корӣ барои иҷрои корҳо ҷалб шудааст
ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, барои иҷрои корҳо гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷалб карда шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни шиносоии роҳбарияти вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои соҳилбандӣ иттилоъ дода шуд, ки сохтмончиёни соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, сокинон низ дар ин иқдом саҳми арзанда мегузоранд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мустаҳкам кардани соҳили сою наҳрҳо равона гардидааст, то ҳангоми омадани сел одамон ва амволашон зарар набинанд.
Иттилоъ дода шуд, ки баҳри пешгирии офатҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони саховатпеша тамоми тадбирҳо андешида шуда, корҳои соҳилбандӣ дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт идома дорад.
Бояд таъкид кард, ки ҳамасола дар мавсими баҳору тобистон дар ин мавзеъ ва дар маҷмуъ дар сойи Ашт сели нисбатан калон омада, ба хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ, роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори мавҷуда хисороти ҷиддӣ мерасонад. Дар сатҳи зарурӣ ба охир расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ имкон медиҳад, ки зарари офатҳои табиӣ пешгирӣ карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






