Мутахассисони «Амонатбонк» ба донишҷӯён саводнокии молиявии рақамиро тавзеҳ доданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) бо иқдоми Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» барои донишҷўёни тахассуси «кори бонкӣ» дар мавзӯи «Саводнокии молиявии рақамӣ» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ва мутахассисони «Амонатбонк» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур иттилоъ доданд.
Ба донишҷӯёни тахассуси бонкдорӣ доир ба истифода ва дастрасӣ ба хизматрасонии молиявии рақамии ташкилоти молиявӣ маълумот дода шуда, таъкид гардид, ки хизматрасонии мазкур ва шабакаҳо барои таъмини эҳтиёҷоти муштариён таҳия гардидааст.
Ҳамзамон доир ба намудҳои кортҳои бонкӣ, тарзи дурусти истифодаи онҳо, хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ва бартарияти онҳо дар амалиёти пулӣ, хизматрасонии Интернет-банкинг, барномаи мобилии «Амонат-мобайл», хусусияти ҳамёни электронӣ ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Барои омода намудани кадрҳои ҷавону болаёқати соҳаи бонкӣ дар якчанд муасcисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, аз қабили Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд синфхонаҳои таълимии «Амонатбонк» бо тамоми шароити зарурӣ фаъолият менамоянд.
Ҳадаф аз ин ҳамкорӣ- тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони бонкӣ, инчунин мутахассисони баландпоя аз рўи ихтисосҳои «Кори бонкӣ», «Молия ва қарз», «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо», «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва аз тарафи кормандони Бонк баргузор намудани машғулияти амалӣ барои донишҷӯён мебошад.
АКС: КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд






