«Низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19». Дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2022 то инҷониб ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта нашуда, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 8 феврали соли 2023 чораҳои зиддиэпидемикӣ, аз қабили дархости пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ ва ё гувоҳномаи ваксинатсия аз байн бардошта шуд. Чунин иброз гардид дар Конфронси илмӣ-амалии «Низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19», ки 27 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар конфронс Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, иқтисодчии калон, Роҳбари гурӯҳи лоиҳаи TEC-19, Бонки ҷаҳонӣ Якуб Ян Какитек, Роҳбари дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, шарикон оид ба рушд ва роҳбарони якчанд муассисаи тандурустии мамлакат иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тавонист фаъолияти босамар ба роҳ монда, дар самти пешгирии бемории коронавирус ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Тазаккур дода шуд, ки то ҳол дар давлатҳои қисмати аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ новобаста аз паст гардидани авҷи паҳншавии сироят бақайдгирии ҳаррӯзаи сирояти нави коронавируси COVID-19 ба чашм мерасад.
Таҳлили вазъи эпидемиологӣ ва нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳад, ки бемории коронавируси COVID-19 қариб дар 56 давлат ва минтақаи ҷаҳон то ҳол ба қайд гирифта мешавад. Аз ҳама бештар бақайдгирии беморон дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Бразилия, Федератсияи Русия, ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Лаҳистон, Австрия ва Молдова, ки дар 10-гонаи аввали рӯйхати зиёди бақайдгирӣ истодаанд, ба чашм мерасад.
Дар тамоми ҷаҳон то 5 апрели соли 2023 зиёда аз 684 миллион 289 ҳазору 335 нафар ба сирояти коронавируси COVID-19 мубтало гашта, 657 миллиону 255 ҳазору 870 нафари онҳо шифо ёфта,6 миллиону 833 ҳазору 794 нафар ва ё 1,0 фоизи сироятёфтагон фавтидаанд. Дар айни ҳол 201 миллиону 996 ҳазору 71 нафар, аз ҷумла 39 ҳазору 818 нафар дар ҳолати вазнини беморӣ қарор доранд.
Дар охири ҳафтаи поёни моҳи март нисбат ба охири ҳафтаи аввали моҳи апрели соли равон дар ҷаҳон 30 фоиз коҳишёбии бақайдгирии беморӣ ба назар мерасад.
Дар умум аз аввали бақайдгирии беморӣ шумораи сироятёфтагон ба 17 ҳазору 388 нафар ва шумораи фавтидагон ба 124 нафар баробар гардидааст.
Бо мақсади пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои мақсаднок ҷудо гардида, инчунин аз ҳисоби ташкилоти байналмилалӣ кумакҳои моддию техникӣ расонида шудааст.
Раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба ворид намудани ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 ба ҷумҳурӣ ва фарогирии аҳолии гурӯҳҳои мақсаднок бо ваксинатсия бар зидди бемории мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»






